Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алангаи оташи баҳсҳои обӣ дар минтақа


Ҳар баҳор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои гирифтани оби бештар дасту остин бар мезананд.

Аз фурӯпошии Шӯравӣ наздики 20 сол мегузарад, вале ҳамчунон кишварҳои болооб - Тоҷикистону Қирғизистон ва давлатҳои поёноб - Узбакистону Туркманистону Қазоқистон забон намеёбанд.
Баҳсҳо ҳамчунон идома хоҳанд дошт. Зеро аҳолӣ дар ин кишварҳо афзоиш ёфтааст. Заминҳои обӣ низ барои кишт дар ин кишварҳо сол ба сол зиёд мешавад. Вале ҳаҷми захоири об чун пештара боқӣ мондааст...


Ба қавли коршиносон, системаи тақсими обе, ки дар даврони ҳукумати Шӯравӣ барои кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ таҳия шуда буд, яке аз омилҳои баҳси ҷонибҳо ба шумор меояд.

СИСТЕМАИ КӮҲНАИ ШӮРАВӢ

Мурод Аминҷонов, коршиноси Пажӯҳишгоҳи обу обёрии Вазорати мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло Тошканд намехоҳад, ки тақсими об берун аз чаҳорчӯби Шӯравии пешин сурат бигирад.

"Мувофиқи системаи ягонаи тақсими об байни Узбакистону Тоҷикистону Қирғизистону Туркманистону Қазоқистон дар он солҳо, ба масъалаи замини ҳамвор ва обӣ диққат ва бар асоси ин меъёр об тақсим карда мешуд. Тоҷикистон замини кам дорад ва ҳам дар доманаи кӯҳҳо ҷойгир аст. Азбаски мувофиқи сиёсати Шӯравӣ Узбакистону Туркманистон замини ҳамвору обии бештар доштанд, тақрибан 48 дарсад аз захоири оби Осиёи Марказӣ барои Узбакистон ҷудо карда мешуд ва ба ҳамин миқдор ба Туркманистон низ об дода мешуд. Барои Тоҷикистон бошад 15,5 дар сад об ҷудо карда шуда буд. Ҳоло Тошканд мехоҳад, ки ба ҳамон мизони замони Шӯравӣ об тақсим карда шавад ва ҳамон системаи Шӯравӣ идома дода шавад",-афзуд ӯ.

Ба қавли ҷаноби Аминҷонов, ба хотири ҳарчӣ бештар ба танзим даровардани захоири оби Осиёи Марказӣ дар замони Шӯравӣ, дар Тошканд тарҳи сохтмони обанбори Роғун таҳия шуда буд, ки рафъи ниёзмандиҳои Узбакистон ба обро мадди назар дорад. Аммо гуфт ӯ, мақомоти зидахли Узбакистон ҳоло ба нишони мухолифат алайҳи обанбори Роғун масъалаи заминларзаву экологияро пеш меоранд.

"ЗАМИНҲОИ КИШТ ЗИЁДУ ОБ КАМ АСТ"

Анвар Камолиддинов, ходими калони Маркази таҳқиқоти хоҷагиҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ҳамакнун шароит дар минтақа дигар шудааст ва ситемаи замони Шӯравӣ дигар наметавонад имконоти ду даҳсола қаблро танзим кунад. Аз ин рӯ, ин баҳси миёни кишварҳо тундтар хоҳад шуд.

Вай мегӯяд, "баҳсҳо ҳамчунон идома мекунанд, зеро аҳолӣ дар ин кишварҳо афзоиш ёфтааст. Заминҳои обӣ барои кишт дар ин кишварҳо сол ба сол зиёд мешавад. Аммо ҳаҷми захоири об чун пештара боқӣ мондааст. Ин масъалаи аслии баҳси ҷонибҳост."

Тоҷикистон, ки яке аз соҳибони аслии захоири оби Осиёи Марказӣ ба шумор меояд ва ҳудуди 64 дарсади захоири обро соҳиб аст, худ ба мушкили таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва барои кишти заминҳо ба мушкил мувоҷеҳ аст.

ШУРӮИ МУКОЛАМА

Барои дарёфти роҳи ҳалли ин масоил, Вазорати мелиоратсия ва захоири оби ҷумҳурӣ ҳамроҳ бо созмонҳоли байналмилалӣ муколамае дар Душанбе барпо кардааст.

Муовини аввали вазири Мелиоратсия ва захоири оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимов гуфт: "Тоҷикистон проблемаҳои зиёде дар робита ба таъмини об дорад. Яке аз ин масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби поки ошомиданӣ мебошад. Хусусан, дар деҳоти дурдаст ин масъалаи ҷиддӣ аст. Бо талоши мақомоти зидахл феълан ним миллион аҳолии кишвар бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуд. Таъмини об барои заминҳои кишт масъалаи дигар аст. Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон аз масъалаи дигари марбути об ба шумор меояд. Барои ҳалли беҳтари масъалаҳои мазкур бо созмонҳои байналмилалӣ муколамаро оғоз кардем. Зеро Тоҷикистон бо захоири оби худ дар минтақа наҳши муҳим хоҳад дошт."

Ба қавли коршиносони пажӯҳишгоҳи обу обёрии Тоҷикистон, ҳамасола дар қаламрави ин кишвар беш аз 64 миллиард кубометр об аз боришоту обшавии пиряхҳо ҷамъ мешавад ва дар маҷмӯъ, захоири оби Тоҷикистон ба 845 миллиард кубометр об баробар аст.
XS
SM
MD
LG