Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Даргириҳо дар Ал-Ҳудайдаи Яман

Талаби эътирозгарон истеъфои Солеҳ аст
Саркӯбии эътирозҳо дар шаҳри Ал-Ҳудайдаи Яман даҳҳо нафарро захмӣ ба ҷо гузошт. Нирӯҳои амниятӣ алайҳи эътирозгарон аз гази ашковар ва силоҳҳои ҷангӣ кор бурдаанд.
Шоҳидон мегӯянд, пулис ба дунболи ба мухолифини давлат ҳамла овардани тарафдорони бо калтаку санг мусалалҳи раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ вориди қазия шудаанд. Аз оғози эътирозҳо алайҳи 32 соли ҳукумати Солеҳ дар Яман беш аз 40 нафар кушта шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Русия то 3300 муҳоҷири узбек дар идораҳои пулис нигаҳдорӣ мешавад

Ҳудуди 3323 муҳоҷири узбекистонӣ дар Русия аз сӯи мақомоти Русия боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 23-юми январ Бахтиёр Турсунов, раиси Оҷонсии муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабар дод.

"Бисёре аз муҳоҷирон бидуни донистани забон ва ҳунаре ба хориҷ мераванд ва ба мушкил дучор мешаванд. Онҳо нохудогоҳ қонунҳои давлатеро поймол мекунанд, ки дар он ҳузур доранд. Дар натиҷа аз кишвари муҳоҷирпазир ихроҷ мешаванд",-гуфт Бахтиёр Турсунов.

Мақомоти муҳоҷирати Узбекистон гуфтанд, дар соли 2019 панҷ муассисаи консулӣ дар Русия таъсис додаанд, ки вазъи зиндагии муҳоҷирон, шароити кори онҳоро меомӯзанд ва ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.

Қирғизистон воридоти гӯшт аз Чинро манъ кард

Қирғизистон ба таври муваққат воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро аз Чин манъ кард. Дар ин бора мақомоти байторӣ ва амнияти фитосанитарии он кишвар иттилоъ доданд.

Мақомоти байтории Қирғизистон ҳамчунин хабар медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2019 аз вилояти Хенони Чин 48 тона гӯшти мурғобӣ ворид ва дар маркази ташхиси байторӣ санҷида шуд.

Вилояти Хенон дар фосилаи 500 километр аз вилояти Хубэй - маркази авҷгирии вируси нав - ҷойгир аст, вале дар ҳар сурат мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки воридоти маҳсулоти гӯштиро аз Чин муваққатан қатъ кунанд.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То кунун аз таъсири ин вирус 25 кас ҷон бохта, ҷамъан 830 кас ба он мубтало шудаанд.

Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.

Марди қазоқ барои таҷовузи мактабхон 25 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Тарози Қазоқистон 24 январ сокини маҳаллиеро, ки дар таҷовуз ба номуси хонандаи мактаб айбдор мешуд, 25 соли зиндонӣ кард. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки ӯро ахтаи кимиёӣ кунанд.

Марди 38-сола, ки ному насабаш ифшо намешавад, бар асоси бандҳои "Амалҳои хушунатомези шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ" ва "Таҷовузи ноболиғ" айбдор дониста шуд.

Бар асоси қарори додгоҳ, айбдоршуда ҳамчунин бояд ба ҷониби ҷабрдида 5 миллион танга (ҳудуди 13 ҳазор доллар) ҷуброн пардозад.

15 ноябр дар ҳоҷатхонаи яке аз мактабҳои шаҳри Тарози Қазоқистон, ки дар кӯча ҷойгир аст, хонандаи синфи 7-ум таҷовуз карда шуд. Дар робита ба ин ҳодиса мардеро боздошт карданд. Дурбинҳои назоратӣ гумонбарро ба навор гирифтаанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 21 ноябри соли гузашта дар Твиттер навишт, ки шаҳрдори Тароз Кайрат Досаев аз мақомаш барканор шуд. "Ба раиси вилояти Ҷамбил дастур дода шуд, шаҳрдори Тарозро дар робита ба ҳодисаи як мактаби ин шаҳр, ки дар он хонандаи 12-сола осеб дид, аз мақом барканор кунад. Ба худи раиси вилоят огоҳӣ дода шуд", - навишта буд президенти Қазоқистон.

Донишҷӯёни қазоқ наметавонанд, шаҳри Вуҳани Чинро тарк кунанд

Шаҳри Вуҳани Чин. 23-юми январи соли 2020.

Донишҷӯёни қазоқ дар пайи ошкор шудани вируси нав дар шаҳри Вуҳани Чин наметавонанд, он минтақаро тарк кунанд. Мақомоти Чин дар шаҳр карантин эълом ва баромадан аз онро манъ намудаанд.

Волидони донишҷӯён аз мақомоти Қазоқистон дархост доранд, ки дар баргардонидани фарзандҳояшон ба ватан кумак кунанд. "Чизе нахуред. Ками дигар тоқат кун, духтарам",-мегӯяд Рабига Сисенгалиева дар як сӯҳбати телефонӣ ба духтараш, ки дар Чин таҳсил мекунад.

Хабари ошкор шудани вируси нав дар Чин волидони даҳҳо донишҷӯи дигари қазоқ дар он кишварро низ нигарон кардааст. Ин донишҷӯён дар минтақае ба сар мебаранд, ки вируси нав дар онҷо ошкор шудааст. Волидон мегӯянд, фарзандонашон комилан сиҳат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ба вирус гирифтор шаванд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Қазоқистон дар робита ба ҳалли ин мушкил даст ба иқдоме нашудаанд. Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон гуфт, бар асоси қоида, бояд донишҷӯён дар ҳамонҷо бимонанд.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То 22-юми январ аз таъсири ин вирус 17 кас ҷон бохта, ҷамъан 571 кас дар 13 вилоят ба он мубтало шудаанд.

Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.

Дар Узбекистон марде дар эътироз ба мусодира шудани хонааш худро оташ зад

Сокини 31-солаи ноҳияи Андиҷони Узбекистон Хушнуд Ғоибназаров дар ҳузури маъмурони давлатие худро оташ зад, ки барои мусодираи манзили зисташ омада буданд. Ҳодиса 21-уми январ дар маҳаллаи "Бешбуйнок" рух додааст.

Шоҳидон гуфтанд, ки 50 дарсади бадани мард сӯхтааст. Маъмурони Бюрои иҷрои иҷбории Андиҷон рух додани ҳодисаро тасдиқ, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ карданд. Ба гуфтаи хоҳари Ғоибназаров - Гулбаҳор Омонова, бародараш вақте худро оташ зад, ки кормандони бюро аз ӯ хостанд, хонаро холӣ кунад.

"Соли 2013 хона ба ҳабс гирифта шудааст. Бародарам аз онҳо хостааст, ки то рӯзи ҷумъа вақт диҳанд, зеро дар ин фасли сармо ҷое барои бурдани фарзандҳояш надорад. Вале кормандони бюро гуфтаанд, ки агар ӯ хонаро холӣ накунад, соҳиби ояндааш вайро оташ мезанад. Дар ин вақт бародарам ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ задааст. Ҳоло дар беморхона бистарӣ буда, вазъаш вазнин аст",-афзуд ӯ.

Дар Бюрои иҷрои иҷбории Андиҷон рух додани ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки онро хоҳанд омӯхт.

САҲА аз Тоҷикистон хост, ба ҳама хабарнигорони Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад

Ҳарлем Дезир, намояндаи хоси САҲА дар умури озодии матбуот.

Ҳарлем Дезир, намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз давлати Тоҷикистон хост, "ба тамом"-и хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад. Ӯ гуфт, хабарнигорон бояд имкон дошта бошанд, ки "бе ҳеҷ гуна мамониат кор кунанд".

Ҳарлем Дезир дар ин бора рӯзи 23-уми январ дар саҳифааш дар "Твиттер" навишт. Ӯ барои он ба масъалаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дахл кард, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз додани аккредитатсияи яксола ба хабарнигорон ва дигар кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе худдорӣ мекунад.

Вазорат чанд рӯз пештар ба 4 корманд ва хабарнигор барои 6-моҳӣ иҷозаи кор дод, ҳарчанд бар асоси қонун аккредитатсия барои 1 соли расо дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир 7 хабарнигори Радиои Озодӣ мунтазири иҷозатномаи кор аз сӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳастанд.

Ҷейми Флай, мудири Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ дар номае ба Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷӣ навишт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба аҳдаш дар бораи имкон додан ба фаъолияти бемамониати кормандони радио дар Тоҷикистон вафо накардааст ва "ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро барои эҳтиром ба матбуоти мустақил риоя намекунад".

Нашрияи "Вашингтон Пост", Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон, амалкарди ҳукуматро беэҳтиромӣ ба озодии матбуот ва василае барои сензура номидаанд.

Даргузашти физикдони маъруфи тоҷик Хурсанд Ибоддинов

Хурсанд Ибодинов.

Физикдон ва кайҳоншиноси маъруфи тоҷик Хурсанд Ибоддинов шаби 23-юми январ дар синни 76-солагӣ бар асари беморӣ дар Душанбе даргузашт. Маросими ҷанозаи Ибоддинов имрӯз дар масҷиди маъруф ба "Хол Машраб"-и маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе доир мешавад.

Ибодинов аз олимони шинохтаи илмҳои физика ва математика дар кишвар буд. Ӯ барои чандин сол дар мақоми директори Иститути астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кард кардааст.

Хурсанд Ибодинов соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони ходими калони илмӣ, соли 1999 соҳиби унвони профессорӣ ва соли 2008 узви вобастаи Академяи илмҳои Тоҷикистон мегардад. Солҳои ахир ӯ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кору таҳқиқот машғул буд.

Бархе туркманҳо филми мамнуи "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд

Лаҳзае аз филми "Шабаҳи шаш".

Сокинони вилояти Лебапи Туркманистон, ки бо Узбекистон ҳамсарҳад аст, 21 январ филми "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд. Ин филм сару садо ба бор оварда ва намоишаш дар Туркманистон манъ шудааст.

"Шабаҳи шаш"-ро телевизиони "Севимлӣ"-и Узбекистон нишон дод. Мавҷи телевизиони мазкур дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Лебапи Туркманистон дастрас аст. Мақомоти Туркманистон ба далели шабеҳ будани сюжаи филм ба воқеиятҳои Туркманистон намоиши онро дар кишвар манъ карданд.

Бинандаҳои филм гуфтанд, дар он номҳои туркманӣ, забони туркманӣ, рамзои давлатии Туркманистон дида мешавад.

"Бинандаҳо дар симои қаҳрамони асосӣ шахсияти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро шинохтаанд. Зеро қаҳрамони асосӣ тамоми қудратро дар ихтиёр мегирад, мардумро заҷр медиҳад, интернет ва расонаҳоро зери назорат дорад, ҳазорон одам дар ҷустуҷӯи нон ба хориҷ аз кишвар мераванд. Яъне ҳамаи рафторҳои ӯ Бердимуҳаммадовро ба ёд меоранд",-нақл кард як сокини Туркманистон.

Пештар аз ин мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон миёни сокинон маъракаҳои бадномсозии Ғарб, ба вижа ИМА-ро ба роҳ монда буданд. Он замон гуфта мешуд, филми амрикоии "Шабаҳи шаш", ки ҳаводис ва қаҳрамонҳои он Туркманистонро ба ёд меоранд, боиси шуруи маъракаи бадномсозӣ шудааст.

Гуруҳи махсуси иборат аз муовинони ҳокими вилоят, кормандони вазорати амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, намояндагони додситонии Туркманистон бо мардум мулоқот ва зидди кишварҳои ғарбӣ таблиғот мебаранд. Ин мулоқотҳо дар мактабҳо ва хонаҳои фарҳангӣ ноҳияҳову шаҳрҳо баргузор мешаванд.

Мавзуи асосии гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо баррасии филми амрикоии "Шабаҳи шаш" ("6 Underground") буд. Шоҳидон мегӯянд, мақомоти Туркманистон Амрикоро "душмани Туркманистон" унвон мекунанд.

"Касоне ки дар ин мулоқотҳо суҳбат мекунанд, аз Амрико ба унвони душмани давлати Туркманистон ёд мекунанд. "ИМА талош дорад, ки кишвари моро маҳв кунад. Возеҳ аст, ки онҳо ҳамаи талошро мекунанд, то эътирози мардумро бедор кунанд", мегӯянд мақомот", - хабар дод як шоҳиди ин мулоқотҳо.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон, мақомоти Туркманистон кӯшиш доранд, пеши роҳи паҳншавии филмро дар дохили кишвар бигиранд. Вале сарфи назар аз ин, бинандагони филм меафзояд.

Дар филми амрикоӣ, ки 13-уми декабр ба намоиш даромад, ҷузъиёте ҳаст, ки Туркманистони муосирро ба ёд меорад. Мавзуи филм аз он иборат аст, ки як миллиардери амрикоӣ талош дорад, ба кишвари хаёлии Туркистон демократия орад ва диктатори ҷаббори онро маҳв кунад.

Ҳавопаймои хатсайри Тошканд-Бишкек аз нимароҳ ба Тошканд баргашт

Ҳавопаймои ширкати Uzbekistan Airways, ки рӯзи 23-юми январ аз шаҳри Тошканди Узбекистон ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз мекард, маҷбур шуд, аз нимароҳ ба Тошканд баргардад.

Расонаҳо менависанд, сабаби аз нимароҳ баргаштани ҳавопаймо ҳавои номусоид дар фурудгоҳи Бишкек унвон мешавад. Меғ (туман) имкони фурудоии амнро маҳдуд карда буд.

Ширкати ҳавопаймоӣ гуфтааст, умедвор аст, мусофирон ва пешвозгирандагон ин ҳолатро дарк кардаанд.

Малика қонуни бурунрафти Бритониё аз ИА-ро имзо кард

Маликаи Бритониё Елизаветаи II.

Маликаи Бритониё Елизаветаи II лоиҳаи қонуни бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро имзо кард. Он қувваи қонунӣ гирифта, бурунрафти Бритониёро аз ИА дар рӯзи 31-уми январи соли равон пешбинӣ мекунад.

Қонун дар асоси созишномае таҳия шудааст, ки пештар миёни сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳосил шуда буд. Ин созишномаро Порлумони Аврупо ҳам бояд тасдиқ кунад ва қарор аст, он, 29-уми январи соли равон сурат бигирад.

Бритониё ҳамакнун баъди 3,5 сол аз раъйпурсӣ дар мавриди хориҷ шудан аз ИА иттиҳодро тарк мекунад. Он замон аксари сокинони Бритониё аз бурунрафт аз иттиҳод ҷонибдорӣ карда буданд. Санаи бурунрафти Бритониё ба иллати қабул нашудани созишномаҳо бо ИА дар порлумони ин кишвар се бор ба таъхир афтод.

Борис Ҷонсон, ки соли гузашта сарвазири Бритониё шуд, бо раҳбарони ИА созиш карда, сипас интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ баргузор намуд ва порлумони нав низ созишномаи ӯро ҷонибдорӣ кард.

Пас аз берун рафтани Бритониё аз ИА давраи гузариш оғоз шуда, он то 31-уми декабри соли 2020 идома мекунад. Дар ин мӯҳлат бояд миёни Бритониё ва ИА созишномаи нави тиҷорӣ имзо шавад.

Бишкек мегӯяд, сафири ИМА маҳдудияти сафар барои қирғизҳоро тасдиқ накард

Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷии Қирғизистон.

Сафири ИМА дар Бишкек Доналд Лу хабарҳо дар бораи онро ки гӯё Вашингтон ҳангоми додани раводид ба шаҳрвандони Қирғизистон маҳдудиятеро ҷорӣ хоҳад кард, тасдиқ накардааст. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков хабар доданд. Ба гуфтаи вазир, сафири ИМА дар Бишкек рӯҳи 22-юми январ ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон даъват шудааст.

"Ҷонибҳо роҷеъ ба ин масъала машварат доранд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷорӣ кардани маҳдудият пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА аст. Президенти ИМА соли 2017 қонунеро имзо кард, ки аз соли 2020 додани раводид ба шаҳрвандони кишварҳоеро, ки шиносномаи биометрӣ надоранд, манъ мекунад. Қирғизистон дар минтақаи пасошӯравӣ яке аз кишварҳое аст, ки сокинонаш шиносномаи биометрӣ надоранд",-изҳор дошт вазир.

Пештар хабар дода шуд, ки маъмурияти президент Доналд Трамп рӯйхати кишварҳоеро, ки вуруди сокинонаш ба ИМА манъ аст, афзоиш медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ба ин рӯйхат Эрон, Либия, Сомалӣ, Сурия, Яман, Венесуэла ва Куриёи Шимолӣ шомиланд.

Паёмҳои Пенс ва Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост

Майк Пенс ва Владимир Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост дар Байтулмуқаддас, 23-юми январи соли 2020

Дар Исроил, дар шаҳри Байтулмуқаддас, Ҳамоиши ҷаҳонии гиромидошти қурбониёни Ҳолокост баргузор шуд. Ин анҷуман ба 75-умин солгарди озодии асирони урдугоҳи "Освентсим" ё "Аушвитс" дар ҳудуди Лаҳистон дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо мадади сарбозони Шӯравӣ бахшида шудааст.

Барои ширкат дар ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои даҳҳо кишвар, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин, раҳбари Украина Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, ноиб-президенти Амрико Майк Пенс вориди Исроил шуданд.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар расми оғози ҳамоиш гуфт, зарурати пешгирӣ аз ваҳшатҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум асосу пояи давлати яҳудро ташкил медиҳад.

"Мо худфидоии сарбозон ва халқҳоро ба хотири пирӯзӣ бар Ҳитлер дар ёд хоҳем дошт", - гуфт Нетаняҳу. Ӯ ҳамчунин Эронро "яҳудситезтарин режими рӯйи Замин" номид ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, дар муқобили Теҳрон қад алам кунад.

Президенти Русия дар паёми худ ҷинояти нозиҳоро зидди яҳудиён яке аз сиёҳтарин саҳифаҳои таърих хонд. Ҳамзамон Путин таъкид кард, ки нажодпарастон аз ҳимояти аҳолии Аврупои ишғолшуда бархӯрдор буданд.

Майк Пенс гуфт, ки қудратҳои ҷаҳон бояд зидди яҳудситезӣ муттаҳид шаванд. Вай саҳми кишварҳои ҳампаймонро дар пирӯзӣ бар фашизм ситоиш кард. Ноиб-президенти ИМА ҳамчунин даъват кард, ки кишварҳо зидди Эрон, ки ошкоро ба давлати Исроил таҳдид мекунад, муттаҳид шаванд.

"ИМА ҳаргиз Исроилро танҳо нахоҳад гузошт", - гуфт Пенс.

Пештар маълум шуд, ки президенти Лаҳистон Анҷей Дуда бо сабаби ба ин ҳамоиш даъват шудан ва яке аз меҳмонони асосӣ будани Путин аз ширкат дар он худдорӣ намуд. Ба гузориши расонаҳои Лаҳистон барои Варшава вазъе таҳаммулпазир нахоҳад буд, ки биншинад ва гӯш кунад, ки чӣ гуна "раҳбари Русия ба таблиғи ақидаҳои дурӯғи худ дар бораи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум" идома хоҳад дод.

Ин вазъ зимни баҳсҳои ахири ду ҷониб дар бораи таърихи ҷанг ба миён омадааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский низ ба Байтулмуқаддас омад, вале дар расми оғози ҳамоиш ширкат накард. Ҳайати украин, тавре ки дар Фейсбук навиштааст, ҷойи худро дар ҳамоиш ба онҳое дод, ки Ҳолокостро аз сар гузарондаанд.

Масъалаи барканории Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон

Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон маълум хоҳанд кард, ки ​додситони кул Юсуф Раҳмон дар мансабаш мемонад, ё меравад. Ҷаласа рӯзи 24-уми январ бо дархости раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Дар фармони даъвати ҷаласа гуфта шудааст, ки аъзои Маҷлиси Миллӣ барои озоду таъйини додситони кул ризоят хоҳанд дод, вале дар бораи онки Юсуф Раҳмон пурра барканор мешавад ё панҷ соли дигар дар ин мансаб мемонад, ишора нарафтааст.

Масъулони дафтари матбуоти президент рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "фармон дар бораи барканории додситони кул субҳи 24-уми январ имзо ва ба Маҷлиси Миллӣ фиристода хоҳад шуд".

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон додситони кул танҳо бо ризоияти аъзои Маҷлиси Миллӣ таъйин карда мешавад.

Юсуф Раҳмон моҳи январи соли 2015 ба мансаби додситони кулли Тоҷикистон таъйин шуд. Дар замони раҳбарии ӯ, бо пешниҳоди Додситонии кул, Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз ҳизбҳои умдаи мухолиф дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Ҳарчанд раҳбарони ҳизб дар хориҷ ин қарорро намепазиранд ва онро беасос мешуморанд.

Инчунин, баъзе аз рӯзноманигорон мегӯянд, дар давраи раёсати панҷсолаи Юсуф Раҳмон гирифтани иттилоъ аз Додситонии кул мушкил шуд. Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Дархости фиристодаи вижаи Амрико аз раҳбарони Сербия ва Косово

Ричард Гренелл ва Ҳошим Тачи. Приштина. 22-юми январи соли 2020

Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои Сербия ва Косово аз раҳбарони ҳарду кишвар хостааст, ки ихтилофҳои худро канор гузоранд ва ба пешрафти иқтисод диққат диҳанд. Ричард Гренелл 22-юми январ ҳангоми сафари худ ба Приштина, пойтахти Косово ва пеш аз гуфтугӯҳо бо президент Ҳошим Тачи гуфт, “мехоҳем дар ин минтақа, дар Косово ва Сербия, дар ҷабҳаи иқтисод пешрафт кунем." Гренелл ҳамзамон сафири Амрико дар Олмон аст.

Вай ба хабарнигорон гуфт: "Ҷавонон ба кор ниёз доранд – ин як хостаи давлати Трамп аст. Халқи Косово сазовори ҷойҳои нави корӣ ва ояндаи дурахшон мебошад. Мо ният дорем, ҳарду кишвар, роҳбарони Косово ва Сербияро водор кунем ва гӯем, ки "ба мардум нигоҳ кунед, бо кор ба пеш равед." Фиристодаи вижаи Амрико барои Сербия ва Косово ҳушдор дод, ки “ҷомеаи тиҷоратӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷомеаи соҳибкорони Аврупо мехоҳанд, ба ин минтақа бештар ворид шаванд, аммо шумо наметавонед ин корҳоро анҷом диҳед, агар аз тарафи ниҳоди сиёсӣ кашмакашҳо бошад.”

Гренелл моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Трамп бо мақсади наздик кардани ду рақиби сарсахт, ҳамчун фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои Косово ва Сербия таъйин шудааст.

Иттиҳоди Аврупо узвияти Сербияро бо хостаҳои худ дар бораи дуруст кардани муносибатҳои Белград бо Косово, ки пас аз ҷанги НАТО дар соли 1999 аз Сербия ҷудо шуда буд, пайванд додааст.

"Ҳа"-и вакилони Думаи давлатии Русия ба тарҳи ислоҳҳои Путин

Вакилони Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия. 23-юми январи соли 2020

Қонунгузорони Русия дар нахустин хониш лоиҳаи нави ислоҳи қонуни асосиро, ки аз сӯи президент Владимир Путин пешниҳод шудааст, якдилона қабул карданд.

Ҳамаи 432 вакили Думаи Давлатӣ рӯзи 23-юми январ, танҳо пас аз се рӯзи пешниҳод шудани дигаргунӣ ба порлумон, ба тарафдории қонун овоз доданд.

Пас аз овоздиҳӣ сухангӯи Дума Вячеслав Володин гуфт: “Ин як намоиши тавонои ягонагӣ буд.” Володин гуфт, хондани дувум дар 11-уми феврал пешбинӣ шудаааст.

Ин лоиҳа сипас ба хониши сеюм рӯбарӯ хоҳад шуд, аммо дар порлумон, ки қонунгузорони вафодори Кремл бартарӣ доранд, ба гумон аст, он ба фишори зиёд дучор ояд.

Агар лоиҳа аз хониши сеюм дар Дума гузарад, пеш аз имзо шуданаш аз тарафи Путин ба Шӯрои Федератсия – палатаи болоии парлумон фиристода мешавад.

Рӯзи 15-уми январ Путин дар бораи ислоҳот дар паёми давлатии худ эълом кард, ки зуд бо истеъфои ҳукумати сарвазир Дмитрий Медведев ва пазируфтани сарвазир ва кабинети нав анҷом шуд.

Пайдарҳамии тези дигаргуниҳо нозиронро водоштааст, ки гӯянд Путин шояд пас аз поёни давраи кунунии худ барои соли 2024 замина мегузорад.

Дар як фоҳишахонаи Ҳинд шаҳрванди Узбекистонро боздошт карданд

Дар шаҳри Бхопали Ҳиндустон пулиси маҳаллӣ гуруҳеро боздошт кард, ки хадамоти шаҳвонӣ мерасониданд.

Дар ҷараёни як рейд чаҳор зан ва ду мард боздошт шуд. Миёни боздоштшудаҳо як шаҳрванди Узбекистон низ ҳаст, ки ба танфурӯшӣ машғул буд. Дар ин бора расонаҳои ҳиндӣ хабар медиҳанд.

Шаҳрванди Узбекистон айни ҳол дар боздоштгоҳ аст. Айни ҳол дар бораи ному насаби ин зан маълумоте нашр нашудааст.

Расонаҳои хориҷӣ борҳо дар бораи ба танфурӯшӣ машғул будани шаҳрвандони Узбекистон дар кишварҳое чун Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия ва Ҳиндустон хабар додаанд.

Боздошти муттаҳам ба дуздии сандуқи хайрияи як масҷид дар Ашт

Мақомот шахсеро ба иттиҳоми дуздии пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди Умари Одили деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт, боздошт кардаанд.

Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд рӯзи 23-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт "гумонбарро мушаххас карданд. Гумонбар, ноболиғ, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 11, сокини деҳаи Понғоз мебошад. Аз рӯи нишондоди гумонбаршуда ӯ аз даруни сандуқи хайрия 150 сомонӣ гирифтааст".

Ба гуфтаи Шарипов, гумонбар соли 2019 бо ҳукми додгоҳ ба дуздӣ айбдор шуда, ба иҷрои 80 соат корҳои ҳатмӣ муҷозот шуда буд.

Мақомот дар нисбати ӯ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноӣ, яъне парванда боз мекунанд. Бинобар ноболиғ будан, мақомот ӯро ба ҳабси пешакӣ нагирифтаанд. Исми ин наврас пурра ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо бинобар ноболиғ будан, аз бурдани номаш худдорӣ мешавад.

Сокинони Ашт рӯзи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки як шахси номаълум пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди ба номи Умар Одили деҳаи Бободархонро дуздидааст. Сокинон мегӯянд, ҳодиса шаби 6-уми январ иттифоқ афтод. Ба қавли онҳо, сандуқ чанд моҳ пеш дар берун аз дарвозаи масҷид насб шуда буд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар як наворе, ки дурбини назоратии масҷид сабт карда буд ва нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешуд, шахсе ниқобпӯш сандуқи хайрияро бо табар шикаста ва пулҳоро гирифтааст.

Ҳодисаи дуздӣ дар дохили масҷид – макони ибодати мардум – камсобиқа аст. Дар гузашта танҳо чанд мавриди "гум шудан"-и пойафзол, телефон ва ашёи дигари намозгузорон сабт шуда буд.

Дар оғози соли 2019 маъмурони милисаи Исфара як сокини 56-солаи ин шаҳрро бо гумони дуздӣ дар масҷиди ба номи "Имом Бухорӣ" дастгир карданд. Ин нафар ба дуздии 80 ҳазор рубли русӣ (беш аз ҳазор доллари амрикоӣ) аз ҷайби як намозгузор айбдор шуд.

Соли 2018 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон афроди ношинос компютерҳои ду масҷидро дар ин минтақа дуздиданд. Дар ин "протсессор"-ҳо навори равуои сокинон ва ибодати онҳо дар масҷид нигоҳдорӣ мешуд.

Кони тилои Қумтор дигарбора фаъол шуд

Кони тилои Қумтор дар Қирғизистон.

Ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" иҷозат ёфт, ки фаъолиятро аз сар гирад. Дар ин бора Элдар Тоҷибоев, намояндаи ширкат хабар дод.

Ба гуфтаи вай, нақшаи кори соли 2020 бо Кумитаи давлатии саноату энержии Қирғизистон мувофиқа шудааст.

Баъди лағзиши куҳпора дар моҳи декабри соли гузашта дар кони Қумтор ҳамакнун хоки бехташударо дар партовгоҳҳои "Чон-Сари-Тор" ва "Кичи-Сари-Тор" мерезанд.

"Ҳоло ширкат ба идома додани фаъолият омода мешавад. 500 коргаре ки то ин замон бекор буданд, бо навбат ба коргоҳ даъват мешаванд",-гуфт Тоҷибоев.

Субҳи 1-уми декабр дар қитъаи наздикии дарёчаи Лисии кони "Қумтор" лағзиши замин рух дод. Ду тан аз кормандони кон дар ин лағзиш нопадид шуданд. Ҷустуҷӯи ҷасади онҳо 2 моҳ давом кард. Наҷотдиҳандагон 9-уми январ ба хулоса расиданд, ки корҳои ҷустуҷӯиро қатъ кунанд.

Путин бо сафари расмӣ вориди Исроил шуд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Исроил. 23-юми январи соли 2020.

Президенти Русия бо сафари расмӣ вориди Исроил шуд. Владимир Путин бо сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу ва президенти он кишвар Реувен Ривлин мулоқот намуд.

Президенти Русия ҳамчунин дар маросими пардабардорӣ аз тандиси қаҳрамонҳои муҳосираи Ленинград - "Шамъи хотира" ширкат ва дар форуми "Хотираи Ҳолокостро ҳифз мекунем" суханронӣ мекунад. Форуми Ҳолокост ба 75-солагии озодсозии урдугоҳи кори иҷборӣ ё конслагери "Освентсим" аз сӯи аскарони шӯравӣ бахшида мешавад.

Путин ҳамчунин бо модари зодаи Исроил Наам Иссахар, ки дар Русия зиндонӣ аст, мулоқот хоҳад кард. Соли гузашта Иссахарро дар Русия бо айби қочоқи маводи мухаддир 7,5 сол зиндонӣ карданд.

Моҳи апрели соли гузашта дар фурудгоҳе дар Москва аз ҷомадони Иссахар 9 грам ҳашиш пайдо карданд. Иссахара мегӯяд, ин ҳашишро бо ҳадафи қочоқ интиқол намедод. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки интизор меравад, Путин дар ин сафар ӯро авф кунад.

Қирғизистон назорат дар марз бо Чинро пурзӯр кард

Марзи Қирғизистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Қирғизистон дар пайи паҳншавии вируси нав дар Чин чораҳои нави пешгирикунандаеро рӯи даст гирифтаанд. То ба ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вирус дар Қирғизистон қайд нашудааст.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳамаи мусофироне, ки аз Чин вориди ин кишвар мешаванд, аз санҷиши иловагӣ хоҳанд гузашт. Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди вируси 2019-nCoV ба Қирғизистон дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Чин назорати санитарӣ пурзӯр шудааст.

Динара Оторбаева, як масъули Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати санитарии Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, "то ҳол дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вирус сабт нашудааст. Ҳамкорони мо ҳоло дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Чин ва фурудгоҳҳо фаъолият доранд. Мутахассисон ҳамаи мусофиронеро, ки аз Чин меоянд, аз санҷиш мегузаронанд",-афзуд ӯ.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То 22-уми январ аз таъсири ин вирус 17 кас ҷон бохта, ҳудуди 570 нафар ба он мубтало шудаанд.

Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.

Муҳлати будубоши беқайди узбекҳо дар Русия дароз мешавад

Муҳоҷирони узбек, ки ғайриқонунӣ вориди Русия шудаанд. Акс аз бойгонӣ.

Москва ва Тошканд масъалаи дароз кардани муҳлати будубоши бидуни қайди шаҳрвандони Узбекистонро дар Русия то ба 15 рӯз баррасӣ доранд. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Узбекистон ҳақ доранд, ки дар ҳудуди Русия то 7 рӯз бе қайд ба сар баранд.

Вазорат ва ниҳодҳои дахлдори ду кишвар вазифадор шудаанд, ки созишномаи дуҷониба барои дароз кардани муҳлати будубоши бе қайди шаҳрвандони Узбекистонро дар Русия таҳия кунанд.

Бино ба хабари расонаҳо, интизор меравад, ин санад дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Русия дар нимаи аввали тобистони соли равон имзо шавад.

Нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ мемонанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои ироқии ӯ Барҳом Солеҳ. Швейтсария. 22-юми январи соли 2020

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои ироқии ӯ Барҳом Солеҳ ба мувофиқа расидаанд, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ бояд ҳамчунон ҳузур дошта бошанд. Кохи Сафед гуфт, ду тараф дар ин бора рӯзи 21-уми январ дар Швейтсария гуфтугӯ кардаанд.

Дар баёнияи расмии ҳукумати Амрико омадааст, "ду раҳбар ба ин назаранд, ки ҳамкории Амрикову Ироқ дар арсаҳои иқтисодӣ ва амниятӣ ва аз ҷумла мубориза бо (ДОИШ) муҳим аст. Президент Трамп ба аҳди қавии Амрико барои ҳимоят аз Ироқил мустақилу ором ва шукуфо таъкид кардааст".

Раисони ҷумҳури Амрико ва Ироқ дар ҳошияи Форуми иқтисодии Давос дар Швейтсария мулоқот доштанд ва ин нахустин гуфтугӯи онҳо баъди қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи бонуфузи эронӣ дар Бағдод аст.

Куштани Сулаймонӣ аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ бисёре аз сиёсатмадорони Ироқро ба хашм овард ва сабаб шуд, ки порлумони кишвар бо қабули қароре ихроҷи нерӯҳои Амрикоро аз Ироқ талаб кунад.

Қабл аз мулоқот Барҳом Солеҳ гуфт, Вашингтон ва Бағдод ҳамкориҳои пойдор доранд ва Амрико дар ҷанг ба зидди гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" як ҳампаймони Ироқ будааст.

Дар Тошканд маҷмаии тиҷоратӣ бо баландии 230 метр месозанд

Тарҳи ду маҷмаи баландошёна дар Тошканд.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар ҳудуди минтақаи саноатии Яккасрой дар доираи тарҳи сармоягузории Day and Night (Шаб ва Рӯз) қарор аст, маркази тиҷорие бо ду бинои дугонаи бо баландии 230 метр сохта шавад.

Дар нақша аст, ки дар ҳудуди маркази тиҷорӣ 16 бинои тиҷорӣ, истиқоматӣ ва фарҳангӣ хоҳад шуд. Дар ин бора Шароф Раҳмонов, муовини раиси шаҳри Тошканд хабар дод.

Вай гуфт, ин тарҳ давоми се сол амалӣ мешавад ва арзиши 1 млрд долларро дорад.

Ба гуфтаи Шароф Раҳмонов, даромади солонаи маркази тиҷорӣ то 500 млн доллар хоҳад буд. Дар ин марказ наздики 20 ҳазор ҷои корӣ таҳия мешавад.

Бинои дугона бо баландии 230 метр "офтобу моҳтобро таҷассум мекунанд". Дар ин бинои дугона тарабхона ва нуқтаҳои фароғатӣ ҷойгир мешавад.

Узбекистон аз хавфи вируси чинӣ чораҳои сахт рӯи даст гирифт

Табибони чинӣ як беморро, ки ба вируси мармуз мубтало шудааст, ба яке аз бемористонҳои шаҳри Вуҳан интиқол медиҳанд. 18-уми январи соли 2020.

Дар гузаргоҳҳои марзии Узбекистон вазъи тиббиву беҳдоштии одамонро ҷиддан назорат мекунанд. Касоне, ки гирифтори пневмония ва ё бемориҳои дигари гузаранда ҳастанд, бистарӣ мешаванд.

"Ин тадбирҳо баъд аз сар задани вируси нави 2019-nCo дар Чин рӯи даст гирифта шудааст",-хабар дод вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон.

"Беморхонаҳо барои бистарӣ кардани касоне, ки гирифтори бемориҳои гузаранда ҳастанд, омода мешаванд. Дору ва васоили дигари тиббӣ таҳия мешавад",-омадааст дар хабари вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон

Дар фурудгоҳҳои Узбекистон низ назорати касоне ҷиддӣ гирифта шудааст, ки аз Чин меоянд.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То 20-уми январ аз таъсири ин вирус 6 кас кушта шуда, 227 тани дигар зери назорати табибон ҳастанд.

Лукашенко: Русия намегузорад, аз Қазоқистон нафт ворид кунем

Мулоқоти Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар Санкт-Петербург. 20-уми декабри соли 2019.

Президенти Белорус Александр Лукашенко гуфт, Москва намегузорад, Минск аз Қазоқистон нафт ворид намояд. Ин нукта дар пасманзари баҳсҳои ду кишвар атрофи нархи тарифҳои интиқоли нафти Русия ба Белорус садо доданд.

Лукашенко 21-уми январ дар сӯҳбат бо коршиносони соҳаи нафт дар шаҳри Минск гуфт, шароити иқтисодӣ мушкилтар мешавад. "Аҷиб аст. Ҳампаймони мо розӣ намешавад, ки аз ҳампаймони дигарамон нафт ворид кунем".

Қазоқистон, Белорус ва Русия узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд, ки президенти Русия Владимир Путин ба хотири тақвияти нуфузи Москва дар маҳдудаи пасошӯравӣ ва муқобала бо Иттиҳоди Аврупову НАТО ташкил кардааст

"Ба иллати андозҳои ҷорикардаи Русия даромади будҷаи ҷумҳурӣ поин рафта, самаранокии кори корхонаҳои коркарди нафти мо коҳиш меёбад. Дар ҳақиқат, мо имрӯз барои нафти Русия гузина надорем, вале мо бояд ин масъаларо ҳал кунем. Бояд коре кард, ки саҳми Русия дар ҳаҷми воридоти нафт то ба 30-40 дарсад поин равад",-гуфт ӯ.

Миёни Русия ва Белорус вақтҳои ахир дар робита ба арзиши транзити нафт баҳсҳо ба миён омадааст. Ин баҳсҳо дар пасманзари фишорҳои Москва ба Минск барои тақвияти ҳамгироии ду кишвар мушоҳида мешавад.

Муовини сарвазири Белорус Дмитрий Крутой 14-уми январ гуфт, Минск барои харидории нафт ба чандин кишвари аврупоӣ ва Қазоқистону Озарбойҷон дархост фиристодааст. Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон интиқоли нафт ба Белорусро баррасӣ мекунад.

Лукашенко ва Путин соли гузашта дар нақшаи ҳамгироии ду кишвар ба пешрафте ноил нашуданд. Лукашенко он замон гуфт, шароити "баробар"-ро мехоҳад.

Дар Белорус сокинон моҳи декабри соли гузашта зидди гуфтугӯҳои ношаффоф дар бораи ҳамгироӣ ва робитаҳои зичтар бо Русия даст ба тазоҳурот заданд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

"Чӣ хел ба одамоне овоз диҳем, ки ба зидди мо қонун мебароранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00
XS
SM
MD
LG