Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи Наврӯзи Тоҷикистон тасвиб шуд


Мақомоти Тоҷикистон рамзи иди байналмилалии Наврӯзро тасвиб кардаанд. Гуфта мешавад, бо рамзи Наврӯз нишонҳои сарисинагӣ низ омода карда хоҳанд шуд. Рамзи Наврӯзи Тоҷикистон самтҳои Ғарбу Шарқ, нурҳои офтоб, эҳёи табиат, оғози мавсими киштукор ва ҳамчунин нишон ва парчами давлатии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
ЮНЕСКО дар моҳи сентябри соли 2009 Наврӯзро ба феҳрасти мероси ғайримоддии башарият шомил кард ва соли нави форсӣ ба дунбол Иди байналмилалӣ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG