Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Баҳрайн вазъи фавқуллода эълом шуд


Баъди бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони амниятӣ дар Баҳрайн, ки дар ҷараёни он садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд, дар ин кишвар вазъи фавқуллода эълом карданд. Бо амри шоҳи Баҳрайн вазъи фавқуллода дар кишвар се моҳ идома хоҳад кард. Баҳрайн ҳафтаҳост, ки шоҳиди нооромӣ ва тазоҳуроти густурдае шудааст, ки дар он аксарият шиъамазҳабонанд. Тазоҳургарон дирӯз ба ваҳдати миёни сунниву шиъамазҳабон дар Баҳрайн даъват карданд, ки 200 сол боз аз тарафи сунниҳо идора мешавад. Як рӯз пеш аз ин бештар аз 1000 маъмури амниятии Арабистони Саудӣ, бо даъвати шоҳи Баҳрайн барои таъмини амният ба ин кишвар ворид шуданд.
XS
SM
MD
LG