Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стевенсон: "Даъвои Узбакистон дар бораи Роғун сиёсӣ аст."


Струан Стевенсон, вакили парлумони Аврупо
Струан Стевенсон, вакили парлумони Аврупо

Вакили парлумони Аврупо мегӯяд, Роғун ба манфиати Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳояш хоҳад буд.

Страун Стевенсон, вакили парлумони Аврупо аз Шотландия аст, ки
дар ин ниҳоди аврупоӣ вазифаҳои раҳбари ҳайати музокиракунанда бо Ироқ ва муовини раиси Комиссияи назорати моҳидории Аврупоро ба дӯш дорад.

Соли гузашта, замоне ки Қазоқистон раҳбарии даврии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро иҷро мекард, ҷаноби Стевенсон ҳамчун фиристодаи хоси САҲА дар Осиёи Марказӣ пазируфта шуд.
Ба фикрам, ин нигарониҳо иштибоҳанд ва Тоҷикистон бо мувофиқаташ ба экпертизаи Роғун ба он посух додааст. Бонки Ҷаҳонӣ ду коршинос, ба фикрам, яке аз Покистон ва дигаре аз Олмонро барои таҳқиқи ин масъала сафарбар кардааст. Онҳо аз Роғун дидан карданд ва бояд дар ин бора соли ҷорӣ гузорише таҳия кунанд...


Дар ин вазифа ӯ аз раҳбари САҲА супориш гирифт, ки масоили обӣ ва ҳамкорӣ дар бахши обии Осиёи Марказиро таҳқиқ намуда, гузорише таҳия кунад.

Пас аз сафар ба Осиёи Марказӣ ва таҳқиқи амиқи масьала, ӯ дар 350 саҳифа натиҷагириашро хулоса кард. Хабарнигори "Озодӣ" дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо ҷаноби Стевенсон масоили мухталифи минтақаиро бо ӯ дар миён гузошт.

"КАМБУДИ ОБ ҶО НАДОРАД"

Суол: Осиёи Марказӣ тадриҷан ба минтақаи муҳим барои кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо табдил меёбад. Кишварҳои минтақа дар таҳкими назму суботи Афғонистон саҳми бузург доранд, вале вазъи худи Осиёи Марказӣ ва равобит миёни баъзе аз кишварҳои минтақа ташвишовар аст. Барои мисол, баҳси истифодаи об дар минтақа ба манбаи ташаннуҷ ва танишҳо табдил шудааст. Баъзе коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки баҳс барои об метавонад минтақаро ба низоъ кашонад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Стевенсон: Бале, ман соли гузашта ба ҳайси намояндаи раҳбари давраии САҲА, яъне Қазоқистон аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёрат кардам. Вазифаи ман таҳқиқи вазъи зистмуҳитии минтақа буд, ки ба Осиёи Марказӣ таъсир мегузорад. Натиҷаи онро дар як гузориши иборат аз 350 саҳифа ҷамъбаст кардаам. Яке аз бахшҳои муҳими ин гузориш ба рӯдхонаҳои фаромарзии минтақа иртибот мегирад. Аввалан, ҷои ёдоварист, ки дар Осиёи Марказӣ камбуди об ҷо надорад. Оби зиёде аз кишварҳои болооб ба ҷумҳуриҳои поёноб сарозер мешавад. Вале истифодаву нигаҳдошти он боис ба камбуди об гардидааст, ки имкон дорад сабаби низоъҳои байнидавлатӣ шавад. Маҳз ҳамин омил боис ба нигаронист ва ман ин нуктаро дар гузориш низ зикр намудаам. Як бахши мушкилӣ аз даврони Шӯравӣ сарчашма мегирад, ки он вақт ҳама чиз аз Маскав назорат мешуд.

Кишварҳои болооб, ки саршор аз захираи об ва мувоҷеҳ бо камбуди энергия буданд, аз ҳисоби ангишту захираҳои энергетикии кишварҳои минтақа таъмин мешуданд. Бар илова, тарҳи бузург шабеҳи сарбанди Норак дар Тоҷикистон татбиқ шуданд. Ҳамин тариқ кишварҳои поёноб ба захираҳои обии минтақа дастрасӣ пайдо намуда, имкони обёрии заминҳои кишоварзиро дарёфт карданд. Имрӯз ҳар яке аз панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ кишвари мустақили соҳибистиқлол аст ва аз ин рӯ, нигарониҳо асоси воқеӣ доранд. Барои мисол, Узбакистон иддао дорад, ки вақте сарбанди Роғун бунёд шуд, Тоҷикистон имкон хоҳад дошт, ба вижа дар фасли тобистон онҳоро аз об барои обёрии заминҳои пахта маҳрум кунад. Дар ин иртибот Узбакистон кӯшиш кардааст тавассути бунёди обанборҳову каналҳои зиёде камбуди обро рафъ кунад, яъне обро дар обанборҳо захира намуда, тобистон дар заминҳои кишти истифода барад. Вале воқеият ин аст, ки миқдори зиёди об гум мешавад.

Обанбору каналҳо, ки аксари он дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, ҷавобгӯи меъёр нестанд. Девори ин каналу обанборҳо на бетонӣ, балки хокӣ аст ва обро нигаҳ намедорад. Ҳамин гуна об маҳв мешавад. Дар навбати худ ин вазъ боис ба хушкидани баҳри Арал гардидааст. Дар замони ҳаёти як насл, умқи ин баҳр аз 54 метр то 26 метр коҳиш ёфт. Бистари баҳр 80 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин баҳр дигар моҳӣ намондааст. Ман ба собиқ шаҳри моҳигирон-Майнак сафар карда будам ва дидам, ки имрӯз киштиҳои моҳигирон дар биёбон қарор доранд. Соҳили баҳри Арал 150 километр аз Майнак дур шудааст. Имрӯз бодҳои нерӯманд гарди заҳролудро ба минтақаҳои мухталиф интиқол дода, фоҷеаро боз ҳам амиқтар мекунад. Ба фикрам сабаби он сӯистифода аз об ва нақшагирии нодурусти обёрӣ мебошад, ки мушкили бузурги зистмуҳитӣ эҷод кардааст.

"РОҒУН МОЯИ НИГАРОНӢ НЕСТ"

Маҳали сохтмони нерӯгоҳи Роғун
Суол:
Тавре шумо зикр кардед Узбакистон сохтмони сарбанди Роғунро фоҷеаи зистмуҳитӣ арзёбӣ намуда, бо ҳар роҳ ба иҷрои он мухолифат мекунад. Вале Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Узбакистон масъаларо сиёсӣ кардааст ва намехоҳад, ҳамсоя-кишвараш рушд кунад. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед, оё воқеан қазияи Роғун сиёсӣ аст?

Стевенсон: Самимона мегӯям, ки бале. Аз Роғун ва Норак дидан кардаам. Нерӯгоҳи Норак шабеҳи Роғун аст. Сарбанди он 300 метр буда, аз сангу гил иборат аст. Муҳандисони Шӯравӣ Норакро тавре тарҳрезӣ кардаанд, ки сарбанд ба таконҳои замин тобовар мебошад. Шумо медонед, ки минтақаи кӯҳии Помир бо заминларзаҳои зиёд мувоҷеҳ аст. Инак, 40 сол аст, ки сарбанди Норак бо кӯли 70-километрӣ ва миқдори зиёди об ба тамоми заминларзаҳо тоб оварда, ба таври муназзам нерӯи барқ тавлид мекунад. Роғун ҳам дар ҳамон дарёи Вахш асту ба ҳамон шакли ҳамсон бо сарбанди Норак бунёд мешавад. Баландии сарбанди Роғун 335 метр хоҳад буд. Роғун солона иқтидори тавлиди 3600 мегават нерӯи барқро хоҳад дошт, ки метавонад барои ҳалли мушкилиҳои зиёди Тоҷикистон ва ҳамсоя-кишварҳояш ёрӣ расонад. Тоҷикистон имкон хоҳад дошт, ки нерӯи барқро ба Афғонистону Покистон содир кунад. Ин амал ҳам барои Афғонистону Покистон ва ҳам барои иқтисоди Тоҷикистон, камбизоаттарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, муфид хоҳад буд. Хулоса, ман дар сарбанди Роғун, ки комилан шабеҳи Норак аст, ҳеҷ мояи нигаронӣ намебинам.

"ИШТИБОҲ"

Суол: Пас, чаро Узбакистон бо чунин бебокӣ ба бунёди Роғун мухолифат дорад?
Умед дорам, ки ҳеҷ амале ва ё натиҷагирие боис ба муноқишаи фаромарзӣ нахоҳад шуд. Самимона бовар дорам, ки Узбакистон дар сараш чунин фикре надорад...


Стевенсон: Ба фикрам, ин нигарониҳо ғалат ҳастанд ва Тоҷикистон бо мувофиқаташ ба экпертизаи Роғун ба он посух додааст. Бонки Ҷаҳонӣ ду коршинос, ба фикрам яке аз Покистон ва дигаре аз Олмонро, барои таҳқиқи ин масъала сафарбар кардааст. Онҳо аз Роғун дидан карданд ва бояд дар ин бора соли равон гузорише таҳия кунанд. Эҳтимол онҳо гӯянд, ки лоиҳа бехатар аст ва нигарониҳои Узбакистон асосе надоранд. Дар гузоришам низ ин нуктаро таъкид кардаам, ки ибтидо мо бояд хулосаи коршиносонро бишнавем. Агар ин коршиносон лоиҳаро таҳдид унвон кунанд, ман ҳозирам ин хулосаро бипазирам. Вале агар онҳо гӯянд, ки Роғун хатаре надорад, мо маҷбур хоҳем буд, ки ҳукумати Узбакистонро ба қабули лоиҳа мутмаин кунем.

МАНШАИ МУШКИЛӢ: ХАТМИ НИЗОЪ ДАР АФҒОНИСТОН?

Суол: Вале бо назардошти таҷрибаи дахолати Узбакистон дар умури Тоҷикистон, ба вижа дар солҳои ҷанги шаҳвандии Тоҷикистон, оё фикр намекунед, ки ҳатто дар сурати дастгирии лоиҳаи Роғун аз тарафи коршиносони байналмилалӣ, Узбакистон ба мухолифаташ хотима намебахшад?

Стевенсон: Умед дорам, ки ҳеҷ амале ва ё натиҷагирие боис ба муноқишаи фаромарзӣ нахоҳад шуд. Самимона бовар дорам, ки Узбакистон дар сараш чунин фикре надорад. Ба ақидаи ман, мушкилӣ аз сӯи дигар ва ба вижа хатми низоъ дар Афғонистон сарчашма мегирад. Баъзе коршиносон мегӯянд, вақте низои Афғонистон хотима ёфт, эҳтиёҷи ин кишвар ба об ду баробар зиёд мешавад. Афғонистон мамлакати кишоварзист ва табиист, ки ин соҳа ба об эҳтиёҷ дорад. Дар чунин ҳол саҳми кишварҳои поёноб коҳиш меёбад. Тахминан 40 дарсади манотиқи Афғонистон аз ҳавзаи баҳри Арал об мегирад ва ин ҳол вазъи кишварҳои поёнобро душвортар хоҳад кард. Худи ҳамин вазъ метавонад боис ба баҳсу муноқиша дар водии Фарғона шавад. Ин дурнамоест, ки бисёриҳо онро нодида мегиранд. Ман дар гузоришам ин мушкилиро таҳқиқ карда, ҳушдор додаам, ки кишварҳои ғарбу аврупоӣ бо ҳалли низоъ дар Афғонистон набояд ба имкони сар задани низои нав бар рӯи об замина бигузоранд.

НАҚШИ КАЛИДИИ РУСИЯ

Суол: Ҷаноби Стевенсон, Русия, ки Осиёи Марказиро минтақаи зери нуфузи худ мешуморад, намехоҳад дар масъалаи истифодаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз кадом яке аз тарафҳо пуштибонӣ кунад, то равобиташ бо ҷониб муқобил сард нашавад. Ба фикри шумо дар ин вазъ кӣ метавонад миёнарав шавад?

Стевенсон: Ба фикрам, Русия бояд нақши калидиро бар ӯҳда дошта бошад. Ҳамин гуна Иттиҳодияи Аврупо низ бояд нақши калидӣ бар дӯш гирад. Мо дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ дорем. САҲА, СММ ҳам дар он ҷо намояндагӣ доранд. Умед дорам, ки ин созмонҳои мӯътабар ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба гузориши ман таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд, зеро дар гузориш нақши онҳо низ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ба ин боварам, ки онҳо машваратҳои маро хоҳанд дид.

Дар навбати аввал мо бояд ҳаққ ва эҳтиёҷоти кишварҳои болооб ба тавлиди нерӯи барқро эътироф кунем. Ҳамзамон дар масъалаи бунёди Роғун Тоҷикистон бояд тибқи гузориши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ амал кунад. Дар мавриди кишварҳои поёноб, душвор бошад ҳам, мо бояд маблағеву захирае пайдо намуда, дар ислоҳоти зербинои низоми обёрии ин кишварҳо кӯмак расонем. Аз ҷумла, обанборҳову каналҳо бояд таъмир шаванд. Шояд зарурати канор гузоштани зироатҳои обталаб амсоли пахтаву биринҷ ба миён ояд. Мо бояд тамоми масъалаҳоро арзёбӣ кунем, мо бояд масъалаи рушди баъдиҷангии Афғонистонро ҳам мадди назар гирем, то истифодаи об дар ин кишвар ба маротиб зиёд нашавад. Ин аст машваратҳои ман, ки дар гузоришам ҷо додаам.

"ҲАРФИ НИҲОИРО БОНКИ ҶАҲОНӢ МЕГӮЯД"
Ҳозир дарёфти пул барои татбиқи ин барнома осон нест, вале агар ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад, ки аз эҳтимоли сар задани низои нав ҷилагирӣ кунад, бояд аз ҷайб пул бароварда ба Тоҷикистону Узбакистон диҳанд, то ин мушкил рафъ гардад...


Суол: Ахиран ҳукумат ва Конгресси Амрико тарҳи сохтмони Роғунро қобили қабул номиданд. Ба дунболи ин, Шумо низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостед, ки ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Оё метавон ин ду изҳоротро ишорае барои оғози кор дар Роғун номид?

Стевенсон: Не, то замоне ки Бонки Ҷаҳонӣ хулоасаашро нагӯяд, мо бояд мунтазир бошем. Тоҷикистон ҳам ризоят додааст, ки сухани охиринро Бонки Ҷаҳонӣ гӯяд. Вақте ба Роғун сафар кардам, аз он тааҷҷуб кардам, ки ҳазорҳо коргар 24 соат дар як шабонарӯз дар сохтмони нерӯгоҳи обу барқи Роғун кор мекунанд. Аммо сарфи назар аз он, шурӯи сохтмони сарбанд набояд пеш аз натиҷагирии ниҳоӣ оғоз ёбад. Вале медонед, ман бо амрикоиҳо мувофиқам. Худам ба ҳамин ба ҳамин ақида ҳастам, ки Роғун ҳам мисли Норак аст. Норак чандин сол инҷониб мавриди истифода аст ва мушкиле ҳам ба бор наовардааст. Бар илова тоҷикон таъкид кардаанд, ки интиқоли об ба кишварҳои поёнобро коҳиш нахоҳанд дод. Ҷои ёдоварист, ки 70 дарсади оби кишварҳои поёноб аз кишварҳои болооб меояд.

МУНОҚИШАЕ, КИ БАРАНДА НАДОРАД

Суол: Хуб, ҳадди ақал се сол аст, ки муноқишаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ ва сохтмони сарбанди Роғун идома доранд. Билохира, қазия чӣ гуна анҷом хоҳад дошт?

Стевенсон: Ин муноқиша ҷониби пирӯз нахоҳад дошт. Узбакистон бахше аз низоми ягонаи интиқоли барқ дар Осиёи Марказӣ буд, вале аз он берун шуд. Узбакистон баъзан марзҳояшро баста, тиҷорати байнимарзиро бо бунбаст рӯ ба рӯ мекунад. Дар ин гуна давраҳо шумо метавонед навбатҳои тӯлонии мошинҳои борбарро бубинед, ки мунтазири убури марз ҳастанд. Дар ҳолатҳои зиёд аснои интизори убури марз бори онҳо вайрон мешавад. Хуллас, ин гуна имконоти сар задани низоъ зиёд аст ва ман мақомоти Узбакистону Тоҷикистонро ба созиш даъват мекунам. Медонед, то замоне ки хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ ироа нашавад, касе аз такмили сохтмони Роғун пуштибонӣ нахоҳад кард. Ин тақозои ҷониби Узбакистон буд ва Тоҷикистон онро қабул кард. Аз ин рӯ, ман ҳеҷ ниёзе ба ташаннуҷи авзоъ намебинам. Мо мунтазири экпертиза ҳастем. Ба фикрам, вақте коршиносон хулосаашонро пешкаш намуданд, ҳама онро бояд бипазиранд ва бар пояи он иқдом кунанд.

РОҲИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВУҶУД ДОРАД
?

Суол: Оё ягон намунаи ҳалли чунин баҳсҳо тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷой доштааст?

Стевенсон: Бале, намуна зиёд аст. Масалан, Қазоқистон тавонист мушкилоташро бо ҳамсояҳояш ҳал кунад. Туркия ҳам чунин мисол буда метавонад. Охири соли гузашта дар Брюссел дар қароргоҳи парлумони аврупоӣ ман як конфронси бузурге бахшида ба баҳри Арал барпо намудам. Мо коршиносони Испанияро даъват кардем ва онҳо дар бораи ҳалли баҳсашон бо Португалия ҳарф заданд. Захираи оби миёни ин ду кишвар ба нисфи дороиҳои Осиёи Марказӣ баробар аст, вале онҳо созиш карданд. Онҳо обро оқилона истифода мебаранд. Низоми обёрӣ, каналҳои интиқоли об ва ғайраро тармиму мутобиқ ба замон кардаанд. Албатта, дар Осиёи Марказӣ низ ҳамин гуна роҳи ҳал зарур аст. Ҳозир дарёфти пул барои татбиқи ин барнома осон нест, вале агар ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад, ки аз эҳтимоли сар задани низои нав ҷилагирӣ кунад, бояд аз ҷайб пул бароварда ба Тоҷикистону Узбакистон диҳанд, то ин мушкил рафъ гардад.
XS
SM
MD
LG