Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният имрӯз буҳрони Либияро баҳс мекунад


Қаззофӣ рафтанӣ нест
Қаззофӣ рафтанӣ нест
Шӯрои Амнияти СММ имрӯз дархости Лигаи кишварҳои арабӣ ҷиҳати минтақаи барои парвоз мамнӯъ эълон кардани ҳарими ҳавоии Либияро баррасӣ мекунад. Бритониёву Фаронса тарҳи чунин қатъномаро омода кардаанд, аммо ин тарҳ ҳанӯз расман ироа нашудааст. Сафири Фаронса Жерар Аро қабл аз нишаст гуфт, Порис умедвор аст, ки пуштибонии Лигаи арабӣ дар амри ҳимоят аз ин иқдоми байналмилалӣ нақши калидӣ бозӣ хоҳад кард. Вазирони хориҷаи гурӯҳи G8 низ имрӯз дар Порис ҳамин мавзӯъро баҳс мекунанд. Телевизиони Либия гуфт, сарбозоне, ки ба чирикиҳои зидди Муаммар Қаззофӣ пайвастаанд, дар сурати таслим шудан мавриди афв қарор хоҳанд гирифт. Нирӯҳои Қаззофӣ феълан ҳамла ба манотиқи таҳти назорати чирикиҳоро, ки ҳафтае пеш шарқи Либияро ба даст оварда, азми пойтахт- Троблусро дар сар доштанд, идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG