Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мавсими нав"-и насби ҳисобкунакҳои барқӣ


Қарор аст як ширкати чинӣ дар ноҳияи Рудакӣ ба насби ҳисобкунакҳои барқии нав оғоз кунад.

Бар асоси қарордоди дуҷониба ин ширкат 20 ҳазор чунин ҳисобкунакро насб хоҳад кард ва насб ва усули истифодаи онро ба мутаххасисони тоҷик ҳамзамон хоҳанд омӯхт.

Баъд аз насби дастгоҳҳои ҷадиди ҳисобкунии барқӣ ширкати "Барқи тоҷик" қасд дорад, тарзи хидматрасонии пешпардорхтро ҷорӣ кунад ва муштариён барқро дар сурати доштани пул дар ҳисоби худ, метавонанд истифода кунанд.

Мутобиқи қонун дар бораи ҳуқуқи муштарӣ, бояд барқфурӯшу газфурӯш худаш ҳисобкунак харад, аз стандарт гузаронад, "пломба" овезон карда ва насб кунад. Аз мардум барои ин кор бояд пул ҷамъоварӣ нашавад...


ҲАДАФ: КАМ КАРДАНИ ТАЛАФОТ

Ба гуфтаи муттахасисон дастгоҳҳои нав имкон медиҳад, ки масъалаи пардохти ҳаққи истифода аз нерӯи барқ бештар назорат шавад ва инчунин талафоти нерӯи барқ то ҳадди имкон коҳиш дода шавад.

Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" гуфт, "ҳадаф аз ин кор кам кардани талафоти нерӯи барқ аст ва ин корро гурӯҳи татбиқи лоиҳа анҷом медиҳад."

Агар ин тарҳ муваффақ бар биояд, масъалаи дар саросари кишвар насб намудани чунин ҳисобкунанкҳо матраҳ хоҳад шуд. Аммо ин суол масъала матраҳ хоҳад буд, ки маблағи он аз ҳисоби кӣ пардохт хоҳад шуд?

Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун бештар аз як миллион ҳисобкунаки барқии дигари тавлиди Чин дар кишвар насб шудааст ва агар онҳо ба стандарт мувофиқ набуданд, чӣ ниҳоде ва ё кӣ иҷозаи насби онҳоро додааст?

ПУЛИ ҲИСОБКУНАКҲОИ НАВРО КӢ МЕДИҲАД?


Ғуломиддин Сайфиддинов, мутахассиси собиқи ширкати "Барқи тоҷик" ва идораи "Тоҷикстандарт" мегӯяд, табдили ҳеҷ ҳисобкунаке наметавонад талафоти барқро коҳиш диҳад.

Ҷаноби Сайфиддинов мегӯяд: "Ҳеҷ мумкин нест, ки ҳисобкунакҳо фақат ба зарари "Барқи тоҷик" ва бар фоидаи муштарӣ кор кунанд. Мутобиқи қонун дар бораи ҳуқуқи муштарӣ бояд барқфурӯшу газфурӯш худаш ҳисобкунак харад, аз стандарт гузаронад, пломба овезон кунад ва бурда насб кунад. Аз мардум барои ин кор бояд пул ҷамъоварӣ нашавад, дар банди шаши қонун навишта шудааст ин чиз."

БАҲОНА ЧИСТ? СТАНДАРТ?!

Аммо акнун "Барқи тоҷик" умедвор аст, ки бо насби ҳисобкунанкҳои нав масъалаи ҷамъоварии пардохтҳоро комилан ё сад дар сад ҳал кунад. Зеро дар ҳоли ҳозир чӣ мардум ва чӣ корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз ҳисоби истифодаи барқ миллионҳо сомонӣ қарздор ҳастанд.

Аз сӯи дигар, ширкати "Барқи тоҷик" қасд дорад бар асоси тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул ва созмонҳои молӣ ҳаққи пардохти истифода аз барқро боло барад. Дар ҳоли ҳозир сокинони кишвар 9 дирамӣ, корхонаҳо ҳудуди 28 дирамӣ ва танҳо ширкати "Талко" ба сурати истисноӣ 5 дирамӣ нерӯи барқро дар Тоҷикистон харидорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки иваз кардани ҳисобкунакҳо дар Тоҷикистон дар даҳ соли охир ба як маърака табдил ёфтааст.


Қабл аз ин, ширкати "Тоҷикгаз" низ се маротиба ҳисобкунакҳои газии мардумро ба баҳонаи страндарт иваз кард. Аммо солҳо ба ин ҷониб манзили сокинон дар Душанбе, ки забонаи оташи гази табииро намебинад, ҳисобкунакшинонӣ ҳам дар ба дари хона қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG