Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) Николай Бордюжа, ки бо як сафари панҷрӯза дар Тоҷикистон ба сар мебарад, имрӯз дар Қайроқум дар пайи гуфтугӯ бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов гуфт, ошӯбҳои ахири Ховари Миёна зарурати иттихози тадобири муштарак дар чорчӯби ин созмонро пеш овардааст: “Гуфтугӯ хеле ҷолиб буд ва тамоми масоилро дар бар мегирифт. Ҳам масъалаи марзҳо ва ҳам фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ. Гузориши дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар бораи таҷрубаи бадастомада дар ҷараёни хунсо кардани гурӯҳҳои ифротӣ дар ноҳияи Рашт низ хеле ҷолиб буд.”
Дар нишасти Қайроқум намояндагони Русияву Қирғизистон низ ширкат доштаанд. Боздиди Николай Бордюжа аз Тоҷикистон то 18 март идома ёфта, ӯ дар Душанбе дар нишасти гурӯҳи кории Шӯрои вазирони хориҷаи СПАД низ ширкат хоҳад кард.