Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Наҳанг"-и Эрон канор зада шуд


Ҳошими Рафсанҷонӣ бо вуҷуди шикастҳои сиёсӣ, бо гузашти вақте, дигарбора ба саҳна баргашта ва мақомҳои баландро низ аз они худ кардааст.

Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури собиқ ва сутуни Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979, шояд яке аз сахттарин зарбаҳои сиёсӣ дар тӯли умрашро ҳамин сол хӯрд, ки ӯро аз охирин мақом дар қудрат, яъне аз раҳбарии Маҷлиси Хибрагон маҳрум карданд.

ОЁ МАСИРИ СИЁСИИ РАФСАНҶОНӢ ПОЁН ЁФТ?

Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷониро бо назардошти маҳорати сиёсиаш дар Эрон “наҳанг” лақаб додаанд, вале зоҳиран зарбаи охире, ки ӯ аз тарафи рӯҳониёни муҳофизакор ва рақибонаш хӯрд, барояш бозгаштро сахт мекунад. Рӯзи 8 март, Ҳошими Рафсанҷонӣ, яке аз роздонони оятуллоҳ Хумайнӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, таҳти фишори ҳамақидаҳои раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод маҷбур шуд, мақоми раҳбари Маҷлиси хибрагон, як ниҳоди қудратманди рӯҳониён дар Эронро таслим кунад. Ба ҷойи ӯ дар ин мақом, оятуллоҳ Муҳаммадризо Маҳдавӣ Каниро, баргузиданд, ки гуфта мешавад, ба маҷлис ӯро дар аробаи маъюбӣ оварданд.



Ин рӯйдодро шикасти охирини Ҳошими Рафсанҷонӣ ба дасти оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон медонанд. Рафсанҷонӣ ва Хоманаӣ замоне ҳамақида буданд, вале баъди онки Хоманаӣ тарафи Маҳмуди Аҳмадинажод, душмани қадимии Рафсанҷониро гирифт, аз ҳам бегона шуданд.

РАФСАНҶОНӢ АЗ ХОМАНАӢ ГИЛАМАНД АСТ

Бовар меравад, ки маҳз бо ҳимояти оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи соли 2005 Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷониро шикаст дод. Ба гуфтаи Мӯҳсини Созгор, яке аз муассисони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, барканории Рафсанҷонӣ аз мақоми раҳбари Маҷлиси Хибрагон маҳз кори дасти Хоманаӣ будааст, зеро ин ниҳод ҳақ дорад, раҳбари олии Эронро барканор кунад: “Раҳбари муаззами Эрон кӯшид, то пинҳонӣ, аъзои Маҷлиси Хибрагонро маҷбур кунад, ки ба оқои Маҳдавӣ Канӣ раъй диҳанд. Ман аз манобеъи дохилӣ дар Эрон шунидам, ки маъмурони иттилоотии Сипоҳи Посдорон бо 56 узви Маҷлиси Хибгарон гуфтугӯ ва бо таҳдид онҳоро водор кардаанд, ки ба оқои Канӣ раъй диҳанд.”

Дур кардани Рафсанҷонӣ аз қудрат ҷазо барои сарпечиаш аз маҳкум кардани тазоҳуроти азим алайҳи интихоби Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақоми раёсати ҷумҳур дар соли 2005 аст, ки ба гуфтаи номзадҳои мухолифин Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ бо тақаллуб ба ӯ даст додааст.

РАФСАНҶОНӢ ДАР ДУРОҲА

Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷониро пештар аз ин аз мақоми имоматии намози рӯзи ҷумъа дар Донишгоҳи Теҳрон маҳрум карданд, зеро ӯ баъди як намоз, саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон аз тарафи нерӯҳои давлатро маҳкум карда ва хост, то маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо кунанд. Ба гуфтаи Мӯҳсин Созгор, шояд вазъи Рафсанҷаниро аз ин ҳам бадтар кунанд ва ӯро сарнавишти Мӯсавӣ ва Каррубӣ интизор бошад, ки дар ҳабси хонагӣ қарор доштанд, ва ба гуфтаи тарафдоронашон шояд онҳоро ба боздоштгоҳ бурда бошанд. Баъди барканориаш аз мақоми раҳбарии Маҷлиси Хибгарон, харобкорони интернетии тарафдори ҳукумат дар торнамои Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди пурқудрати рӯҳониён, таъзия аз “марги Рафсанҷониро” нашр кардаанд ва бад ин маънӣ, ки Рафсанҷонӣ зарбаи марговари сиёсӣ хӯрда ва нолозим шудааст.

ФИШОРҲО БА ХОНАВОДАИ РАФСАНҶОНӢ

Яке аз аломатҳои дигари рӯшан, ки ӯ таҳти фишори афзоянда қарор гирифтааст ва метавонад, Рафсанҷониро аз саҳнаи сиёсии Эрон дур кунад, фишор ба аъзои хонаводааш аст. Яке аз фарзандонаш Маҳдӣ аз тарси таъқиби ҳукумати Эрон ба шаҳри Ландан фирор кард, писараш Ҳошимӣ аз мақоми раиси шабакаи метрои Теҳрон истеъфо дод ва бадтар аз ҳама Фоиза духтари ӯро, ки фаъоли ҳуқуқи зан ва тарафдори мухолифин аст, як гурӯҳ ба истилоҳ парчамбардорони ҳукумат “танфурӯш ва фоҳиша” садо карданд. Ба гуфтаи баъзе аз соҳибназарон, худи Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ сабаби дар инзиво қарор гирифтанаш шуд, зеро дар шароите, ки Эрон ду тақсим шудааст, ӯ дар миёна қарор гирифт. Айни замон баъзеҳо ӯро ба он муттаҳам карданд, ки аз мухолифин ба қадри кофӣ ҳимоят накардааст.

КАРЙЕРАИ АНҶОМЁФТАИ СИЁСӢ?

Ба гуфтаи Мӯҳсин Созгор, зоҳиран карйераи сиёсии Рафсанҷонии 76-сола ба поён мерасад, вале ӯ бо ин ҳам кори зиёде карда метавонад:

"Барои сиёсатмадоре, мисли Рафсанҷонӣ метавонем бигӯем, ки карйераи ӯ ба ҳайси раҳбари Маҷлиси Хибрагон ба поён расид. Аммо бо назардошти нақши ӯ дар Инқилоби Исломӣ ва иттилоъоти зиёде, ки ӯ дар бораи асрори инқилоб медонад, ӯ метавонад ҳар вақте, ки хоҳад ба ҳайси як сиёсатмадор муассир бошад. Ӯ метавонад доир ба чизҳои зиёде, ҳодисаҳои зиёде сухан бигӯяд, аз ҷумла асрори зиёди оятуллоҳ Хоманаӣ. Ин ба худи ӯ вобаста аст, ки дар оянда ӯ мехоҳад чӣ нақше дошта бошад."
XS
SM
MD
LG