Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари фурӯпошии эътилофи ҳоким дар Қирғизистон


Ҳизби мухолифи Оруномус гуфт, эътилофи ҳоким дар парлумони Қирғизистон ба зудӣ фурӯ хоҳад пошид. Оқилбек Ҷабборов аз ҳизби Оруномус, ки ҳамроҳ бо ҳизби Ота-Макон дар мухолифат қарор дорад, гуфт, раванди фурӯпошии ин эътилоф бебозгашт шудааст. Қаноатбек Исоев аз ҳизби Республика, аз ташкилдиҳандагони эътилофи ҳоким аммо ин иддаоро радд кард. Ин эътилоф ҳамчунин аҳзоби сотсиал-демократ ва Ота-Ҷуртро муттаҳид мекунад. Қамчибек Тошиев аз ҳизби Ота-Ҷурт аммо таъйид кард, ки онҳо масъалаи идомаи ҳузури худ дар эътилофи ҳокимро баррасӣ мекунанд. Дар Қирғизистон аз як сол ба ин сӯ низоми парлумонӣ ҷорӣ шуда, сарвазирро эътилофи ҳокими парлумонӣ пешбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG