Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониён дар Ҷопон аз 60 гузашт


Авоқиби зилзила ва тсунамӣ дар Ҷопон
Авоқиби зилзила ва тсунамӣ дар Ҷопон
Рӯзи ҷумъа дар пайи заминларзаи 8,9-баллӣ мавҷи 10-метрии тсунамӣ ба соҳилҳои шимолушарқи Ҷопон асобат кард. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи ин офоти табиӣ беш аз 60 нафар ҳалок ва чандин тани дигар бенишон шудаанд. Гӯяндаи телевизиони Ҷопон мегӯяд, мавҷи об ҳама чиз, бо шумули мошинҳову киштиҳо ва сохтмонҳоро шуста мебурд. Маркази огаҳӣ аз тсунамӣ дар Ҳавай аз имкони чунин тӯфон дар тамоми ҳавзаи Уқёнусия ҳушдор дода, сарвазири Ҷопон Наото Кан гуфт, зилзила «харобиҳои бузург» ба ҷо гузошт. Дар пайи аз кор баромадани дастгоҳҳои сардкунанда дар як нирӯгоҳи ҳастаии Ҷопон вазъи изтирорӣ эълон кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд, аз ин нирӯгоҳ ягон навъ радиатсия хориҷ нашудааст.
XS
SM
MD
LG