Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КССБ аз ташдиди "ҷанги дохилӣ" дар Либия ҳушдор дод


Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КССБ) мегӯяд, Либия вориди ботлоқи «ҷанги дохилӣ» шудааст. Якоб Келленбергер-раиси ин кумита ҳушдор дод, ки даргириҳо миёни нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён зоҳиран ташдид меёбад. Фаронса гуфтааст, ки Шӯрои Миллии Либияро чун намояндаи расмии мардуми Либия эътироф мекунад. Фаронса нахустин кишвар аст, ин гуна тасмим гирифтааст.
XS
SM
MD
LG