Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Салиби Сурх аз ташдиди авзоъ дар Либия


Ҷейкоб Келленбергер
Ҷейкоб Келленбергер
Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх изҳор намуд, ки дар Ливия ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дорад.

Ба гуфтаи раиси ин кумита Ҷейкоб Келленбергер, даргириҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Муамар Қаззофӣ ва ошӯбгарон торафт шадидтар хоҳад шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, имрӯз нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ, қисмати аъзами шаҳри Аз-Зовияро таҳти назорат қарор доданд ва шаҳри Брегаро бомбборон карданд.

Авзоъ дар Либия дар меҳвари нишастҳои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО дар Брюсел қарор гирифт.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар мавриди эълони минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар Либия назари воҳид надоранд. Имрӯз 28 кишвари узви НАТО мавзӯъи имкони дахолати низомӣ ба қазияи Либия ва эълони минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар ин кишварро баррасӣ мекунанд.

Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия имрӯз дахолати низомӣ ба умури Либияро "ғайри қобили қабул" ва баррасии эълони минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳоро "барвақт" номид.

Имрӯз Фаронса изҳор намуд, ки Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгаронро чун ниҳоди қонунии мудофеъ аз манофеъи мардуми Либия эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG