Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни интиқоли таҷҳизоти "Сангтӯда-2" бо ҳавопаймо


Севумин ҳавопаймои ҳомили таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" аз Эрон вориди Тоҷикистон мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш як ҳавопаймои борбари эронӣ 75 тонна таҷҳизотро барои васли нахустин агрегат ё чархаи тавлиди нерӯи барқи нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба Тоҷикистон овард.

Аббос Баёнӣ, вобастаи маосили иқтисодии сафорати Эрон дар Душанбе, гуфтааст, аз тариқи ҳавопаймо интиқол додани ин таҷҳизот барои суръат бахшидан ба кори сохтмон ва то моҳи апрел анҷом додани насби дастгоҳҳои барқтақсимкунанда дар ин нерӯгоҳ аст.

МУШКИЛЕ, КИ УЗБАКИСТОН ЭҶОД КАРД

Қарор аст, дар нимаи дувуми соли ҷорӣ насби нахустин агрегат дар "Сангтӯда-2" ба поён бирасад.

Сохтмони ин нерӯгоҳро ширкати "Сангоб"-и Эрон ба ӯҳда дорад ва тибқи қарордоди имзошуда ҳазинаҳои ин сохтмон болиғ ба 220 миллион доллар аст, ки 180 миллион доллари он аз сӯи Эрон ва 40 миллионаш аз сӯи Тоҷикистон пардохта мешавад.
Таҷҳизот аз назари вазн моро водор сохт, ки онро ба қисмҳо тақсим кунем. Як бахши онро аз тариқи роҳи оҳан аз марзи Узбакистон интиқол медиҳем. Бахши дигарро аз роҳи заминӣ аз тариқи Афғонистон ва дастгоҳҳое, ки барои мо фаврӣ зарур ҳастанд, аз тариқи ҳавопаймо ворид мекунем...


Бар асоси ин қарордод, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ бояд аз тариқи роҳи оҳан тавассути Узбакистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд ва дар ин қарордод интиқоли таҷҳизот аз тариқи роҳи ҳавоӣ матраҳ набуд.

Ба ин далел, масъалаи таъсири интиқоли таҷҳизот аз тариқи ҳавопаймо ба ҳазинаҳои ин сохтмонро дар гуфтугӯ бо Саид Аскарӣ, раиси ширкати "Сангоб"-и Эрон дар миён гузоштем. Дар ҳоле ки ба гуфтаи коршиносон интиқол аз тариқи роҳи ҳавоӣ нисбат ба роҳи заминӣ ҳафт баробар гаронтар аст ва эҳтимол нархи сохтмонро ҳам боло барад.

ТОҶИКИСТОН ЗИЁН МЕБИНАД?

Ҷаноби Аскарӣ дар посух гуфт, “мусаллам аст, вақте ки мо ин таҷҳизотро аз тариқи ҷода ё роҳи оҳан меорем, нисбат ба роҳи ҳавоӣ бамаротиб арзонтар мебуд. Се тарафи сармоягузор дар сохтмони ин нерӯгоҳ: Бонки тавсеа ва содироти Эрон, давлати Тоҷикистон ва ширкати "Сангоб", ки сармоягузори ин нерӯгоҳ низ ба ҳисоб меояд, ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард.”

Ба эътиқоди раҳбари ширкати "Сангоб", ин мавзӯъ пас аз интиқоли ҳама намуди таҷҳизот рӯшан хоҳад шуд ва пас аз он метавон гуфт, ки чӣ қадар маблағ дар сохтмон илова шудааст.

Нурмуҳаммад Холназаров, як масъули Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст.

Вай дар ин бора афзуд, “ба назари ман, ин хароҷоти зиёдатӣ, ки мо ноилоҷ ба он рӯ ба рӯ ҳастем, аз рӯи фоизи сармоя ва саҳми тарафҳо, ки қаблан дар қарордоди имзошуда муайян шудааст, тақсим хоҳад шуд. Ин қимматӣ бар зарари мост, вале чораи дигаре надорем. Зеро ҳамсояи мо намегузорад, ки таҷҳизот бо роҳи арзон ба Тоҷикистон ворид шавад ва дар транзит мушкил эҷод кардааст.”

"АФҒОНИСТОН КӮМАК МЕКУНАД"

Саид Аскарӣ, раиси ширкати "Сангоб"-и Эрон гуфт, ки бархе аз бахшҳои агрегат ё трубина ҳамчунин дигар таҷҳизоти вазнин аз тариқи Афғонистон ворид хоҳад шуд.

Вай гуфт, “таҷҳизот аз назари вазн моро водор сохт, ки онро ба қисмҳо тақсим кунем. Як бахши онро аз тариқи роҳи оҳан аз марзи Узбакистон интиқол медиҳем. Бахши дигарро аз роҳи заминӣ аз тариқи Афғонистон ва дастгоҳҳое, ки барои мо фаврӣ зарур ҳастанд, аз тариқи ҳавопаймо ворид мекунем.”

Ҷаноби Аскарӣ афзуд, ки ин иқдом ба дунболи беэътимодии транзити колоҳо аз тариқи Узбакистон сурат мегирад.

Соли гузашта ба далели банд мондани қаторҳои ҳомили масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар исттгоҳҳои марзии Узбакистон мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" шаш моҳ ба ақиб афтода буд. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар рӯдхонаи Вахш дар 120 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе бунёд мешавад, ки тавони он 220 мегават дар сол аст.
XS
SM
MD
LG