Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, гуфт, сабқати ниҳоӣ бо ширкати 6 даста дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст.
Ба гурӯҳи “А” тими “Шодмон”-и Ҳисор ва ду дастаи шаҳри Душанбе - "Энергетик" ва "Гвардия", ба гурӯҳи "Б" дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дохиланд.
"Вале дастаҳои "Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар мусобиқаи минтақавии Ҷоми Рустам Долтабоев ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шуда буданд, аз сафар ба шаҳри Душанбе даст кашиданд",- афзуд ҷаноби Аҳмадов.
Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 16-уми март баргузор мешаванд.
Барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ рӯзи 18-уми март муайян хоҳад шуд.
Дар даври аввали сабқати ниҳоӣ рӯзи панҷшанбе “Шодмон” бар “Гвардия” бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Ғайричашмдошт тими “Регар-ТадАЗ” аз дастаи “Равшан” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Дар даври дуввум 12-уми март "Энергетик" бо "Шодмон" ва "Хайр" бо “Равшан” қувваозмоӣ мекунанд.
Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 14-уми март "Энергетик" бо “Гвардия” ва “Регар-ТадАЗ бо “Хайр” бозӣ хоҳанд кард.