Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гузориши Омбудсмени тоҷик


Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон
Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон

Зариф Ализода гузориши худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро ба раисҷумҳур пешниҳод кардааст.

Ин гузориш вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро дар давоми соли 2010 ва 4 моҳи охири соли 2009 фаро мегирад.

Дар ин муддат, бештар аз 1 ҳазору 500 нафар ба бозраси ҳуқуқи башари Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.

Ин гузориш дар асоси ҳамин муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон ва инчунин дар натиҷаи кори гурӯҳҳои хоси вобаста ба ин ниҳоди ҳуқуқи башари Тоҷикистон таҳия шудааст.

ГУЗОРИШИ ОМБУДСМЕН НАШР МЕШАВАД

Суҳайлӣ Қодиров, сухангӯи Бозраси ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: "Ин гузориш оид ба масъалаҳои зарурати таъсиси ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, оид ба принсипҳои фаъолияти он ва инчунин оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, кӯдакон ва маъюбон таҳлилҳо оварда шудааст. Дар маърӯза 58 пешниҳод оид ба беҳтар сохтани вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ баён шудааст."

Ба гуфтаи оқои Қодиров, ин гузориш ҳамчунин дар ихтиёри ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон, Додситонии кул, Додгоҳи Қонуни асосӣ, Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иҷтисодии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Ҷаноби Қодиров инчунин гуфт, шакли электронии ин гузориш дар сомонаҳои интернетии расмӣ ва матни он дар рӯзномаҳои давлатӣ чоп хоҳад шуд.

Институти бозраси ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баъд аз талошҳои зиёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар моҳи майи соли 2009 таъсис шуд ва Зариф Ализода, мушовири пешини раисҷумҳур дар бахши ҳуқуқӣ, нахустин Бозраси ҳуқуқи инсони Тоҷикистон таъйин гардид.

ОМБУДСМЕН ДАСТРАС НЕСТ?

Гузориши Омбдусмен ё Бозраси ҳуқуқи башар дар ҳоле пешниҳод шудааст, ки ин ниҳод тайи як соли охир ба далели худдорӣ аз изҳори назар дар мавриди қазияҳои ҳуқуқӣ, мавриди интиқод қарор доштааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс»
Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи "Азия плюс" мегӯяд: "Дар бораи ин институт хеле кам медонам. Зеро фаъолияти он бозтоб намешавад. Аммо худи омбудсмен Зариф Ализодаро солҳо медонам ва ҳамеша ӯ аз худ шахсият ва фикри хуб ё мусбатро ба намоиш гузоштааст. Вале дар ин мақом ӯ бештар ба унвони як "чиновник" ё давлатмард маълум мешавад. Ӯ бояд бештар бо ҷомеаи маданӣ ва васоити ахбори омма кор кунад. Дар фаъолияти ӯ чун омбудсмен муваффақият ҳам ҳаст, аммо бо бархе аз рӯзномаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ шикоят доранд, ки ӯ дастрас нест."

Аммо Мӯсо Асозода, таҳлилгари дигар мегӯяд, ҳанӯз зуд аст, ки дар мавриди муассир ё ғайримуассир будани фаъолияти дусолаи Омбудсмени тоҷик хулоса кунем. Зеро ӯ танҳо аввалин гузориши худро таҳия ва муаррифӣ мекунад ва дар гузашта Тоҷикистон чунин таҷрибае надоштааст. Ба гуфтаи ҷаноби Асозода, баъд аз баррасии ин гузориш аз сӯи ниҳодҳои марбута ва шунидани вокиниши онҳо ба ин пешниҳодҳо, метавон дар бораи фаъолияти ин ниҳод баҳо дод. Ӯ мегӯяд: "Дар давоми якум сол наметавон гуфт, ки ин ниҳод чӣ кори муассир кардааст. Умедворем, ки
Мусо Асозода, таҳлилгари умури сиёсӣ
дар солҳои оянда ин ниҳод муассиртар фаъолият мекунад ва ба талаботи қонунҳои байналмилалӣ дар ин замина ҷавобгӯ буда метавонад."


Ин андеша низ матраҳ аст, ки Омбудсмен ё бозраси ҳуқуқи башар бояд шахсияте бархоста аз ниҳодҳои иҷроӣ ва бо тафаккури идораи давлатӣ ва дипломатӣ набошад, балки бештар ба ҳимояи ҳуқуқи инсон биандешад.

ГУЗОРИШИ ДЕРҲАНГОМИ ОМБУДСМЕН

Ойиниҳол Бобоназарова, аз ҳуқуқдонҳои саршиноси тоҷик ва раиси собиқи донишкадаи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки замоне ҳамчун номзади муносиб бар курсии омбудсмен арзёбӣ мешуд, мегӯяд, аз гузорише, ки пешниҳод шудааст, бисёре аз нукоти он шояд аҳамияти актуалии худро аз даст додаанд.

Хонум Бобоназарова мегӯяд: "Омбудсмен набояд дар як сол як маротиба гузориш диҳад. Ӯ бояд ҳамеша роҷеъ ба қазияҳои ҳуқуқӣ изҳори назар кунад ва гузориш диҳад ва дар як сол як маротиба гузориши умумӣ бигузор бошад. Аммо тасаввур кунед, ки дар ин давоми як сол, бархе масъалаҳо хусусияти актуалӣ ва оперативии худро гум мекунанд. Ҳоло он ки дар Тоҷикистон он қадар масъалаҳои муҳим буд, ки Омбудсмен роҷеъ ба онҳо изҳори назар накардааст. Аз ҷумла, ҳамин пулакӣ кардани роҳҳо, вайрон кардани хонаҳо, ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил, масъалаи зиндонҳо ва ғайра. Хуб мешиносам Зариф Ализодаро, ӯ хеле инсони хуб аст, аммо ин танҳо кофӣ нест."

ХОМӮШИИ ОМБУДСМЕН ДАР ҚАЗИЯҲОИ ҲУҚУҚӢ


Аммо Суҳайлӣ Қодиров, сухангӯи Бозраси ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи қазияҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ҳаводиси шарқи кишвар ва тахриби манзилҳо зери назари Омбудсмен қарор дорад. Вале бо таваҷҷӯҳ ба бархе масъалаҳо на ҳамеша роҷеъ ба ин қазияҳо изори назар сурат мегирад.

Ҷаноби Қодиров мегӯяд: "Агарчӣ ба таври кушоду равшан дар бораи ин масъалаҳо дар воситаҳои ахбори омма гуфта намешавад, аммо ин масъалаҳо таҳти назари бевоситаи ваколатдори ҳуқуқи инсон қарор доранд. Ин ҷо масъалаҳои вобаста ба ягон сирри махфӣ ё аҳамияти шахсӣ дошта ҳастанд, ки худи мақоми ваколатдор наметавонад, онҳоро дастраси ҳамагон гардонад. Аммо ин маънои онро надорад, ки доир ба ҳамаи ин масъалаҳо мақоми ваколатдор кор набурда истодааст. Ҳамаи ин қазияҳо мавриди омӯзиш қарор мегирад».

Ба ҳамин тартиб баҳси Институти ҳуқуқи башар ё Омбудсмен дар Тоҷикистон идома дорад. Соҳибназарон мегӯянд, дар Тоҷикистон то кунун ба моҳияти ин институт, ки ҳадафи он аслан ҳимояти ҳуқуқи инсонҳо аз амалкардаҳои ғайриқонунии ниҳодҳои давлатӣ аст, нарасидаанд. Бинобар ин, ниҳоди мазкур дар чашми мардум ҳамчун идораи давлатӣ менамояд.
XS
SM
MD
LG