Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 тон спирти қочоқии тоҷикон дар Қирғизистон


Кормандони гумруки Қирғизистон мошинеро боздошт кардаанд, ки дар он спирти техникиро пинҳон карда будаанд. Дар ин мошин ангишт бор карда будаанд ва он аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳаракат мекардааст. Вале кормандони гумрук онро дар посгоҳи Қадамҷои вилояти Ботканд 7-ӯми март боздошт кардаанд. Дар натиҷаи тафтиш маълум шудааст, ки 5 тон спиртро дар шишаҳо зери ангишт пинҳон кардаанд. Ба ин қазия расидагӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG