Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар робита ба қазияи Сангов парванда боз шуд


Cафаралӣ Сангов дар бемористони Қарияи Боло, чанд рӯз пеш аз даргузашташ
Cафаралӣ Сангов дар бемористони Қарияи Боло, чанд рӯз пеш аз даргузашташ

Мақомот мегӯянд, дар робита ба қазияи Сафаралӣ Сангов парванда боз шуда, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки Сарвиноз Сангова мегӯяд, то омилони қатли шавҳараш ошкор ва муҷозот нашаванд, ором нахоҳад гирифт.

Вай дар ин робита ба дафтари СММ дар Душанбе, дабири Шӯрои амнияти миллӣ, додситони кул ва Омбудсмен ҳам нома навишта ва хостори кӯмак шудааст.

Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов
Сафаралӣ Сангов, ҳамсари Сарвиноз Сангова, рӯзи якуми март аз сӯи маъмурони пулиси "Сино-1"-и шаҳри Душанбе дар манзили зисташ боздошт ва ба гуфтаи аҳли хонадонаш мавриди латукӯби онҳо қарор гирифтааст.

Хонум Сангова мегӯяд, баъд аз ин ҳамсари ӯро ба бемористони Қарияи Боло бурданд, ки пас аз чаҳор рӯзи дар он ҷо буданаш аз дунё даргузашт. Ба гуфтаи Сарвиноз, боздошти ҳамсари ӯ бе ҳузури шоҳидон ва далели шайъӣ сурат гирифтааст.

ДАЛЕЛ: 471 ГРАМ ҲАШИШ

Аммо мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, марҳум Сафаралӣ Сангов бо "далели шайъӣ", яъне бо 471 грам ҳашиш боздошт шуда, вале ӯ хостааст, ки худро аз ошёнаи дуввуми бинои ШКД "Сино-1" ба зер партояд.

Талошҳои мо барои сӯҳбат бо сардори шӯъбаи мазкур бенатиҷа буд. Вале Сафаралӣ Соҳибназаров, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Хадамоти бехатарии назди Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ҳалокати Сангов додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парванда боз кардааст ва бозҷӯӣ идома дорад.

ШИКАНҶА НАШУДААСТ?

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД Тоҷикистон, низ гуфт, мақомоти ин вазорат қазияи Сафаралӣ Санговро ҷиддӣ гирифтаанд ва онҳо низ талош доранд, то ҳақиқат ошкор ва агар харобкорие буд, гунаҳкоронро муҷозот кунанд.

"Айни замон нисбат ба қазияи Сафаралӣ Сангов аз тарафи раёсати амнияти корҳои дохилӣ ва додситонӣ парванда оғоз ёфтааст ва далелҳои мушаххас дар мавриди даст заданаш ба худкушӣ ҳам ҳаст"
,-илова кард ҷаноби Асадуллоев.

Ин дар ҳолест, ки Сарвиноз Сангова гуфт, ба хотири исботи ҳақиқат расму боварҳҳои диниро канор гузошта, ба муоинаи ҷасади шавҳараш, ки рӯзи панҷуми марти соли ҷорӣ ба хок супорида шуда буд, иҷоза додааст.

ҶАСАД ЧАРО БА МУРДАХОНА РАФТ?

Аммо ба гуфтаи ӯ, субҳе, ки Сафаралӣ Сангов аз дунё даргузашт, беш аз 11 маъмури пулис ба беморхона омада, дарро ба рӯи наздикони марҳум бастаанд ва ҷасадро ба мурдахона интиқол додаанд.

Муҳаббат Юлдошева, ҷарроҳи бемористони Қарияи Боло, ки шоҳиди гузаронидани ташхиси тиббӣ будааст, мегӯяд, бояд кормандони мақомот Сафаралӣ Санговро ба беморхонаи ВКД интиқол медоданд, на ба бемористони Вазорати тандурустӣ.

Вай ин амалро машкук медонад ва меафзояд, худи ин далел, ки ҷасадро маъмурони пулис пинҳонӣ ва бе иштироки наздиконаш ташхис карданд, шубҳаовар аст.

"Мо чаҳор нафар шоҳид будем, ки ташхиси тиббӣ гузарониданд. Мо нагузоштем, ки ҷасадро саросема бикушоянд. Гуфтем, ки баъд аз 6 соат кушоед. Милисаҳо, додситон ҳамаро баровардем ва баъд ҷарроҳӣ карданд. Мо шоҳидем. Баъд аз як моҳ маълум мешавад, ки ӯ бар асари чӣ вафтидааст"
,-афзуд ӯ.

НАЗАРИ ОМБУДСМЕН

Аз сӯи дигар, ин ҳодиса дар маркази таваҷҷӯҳи матбуот ва ҳомиёни ҳуқуқи б
Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик
ашар қарор гирифтааст ва гумон намеравад, ки ба содагӣ ҳаллу фасл шавад.

Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ин ҳодиса дар мадди назари ӯст ва намояндагони идорааш ин қазияро пайгирӣ доранд.

Бо ин ҳол, Сарвиноз Сангова мегӯяд, ҳамсараш 5 сол дар Русия зиндонӣ буд ва баъд аз бозгашт бо ҳадафи таъмини зиндагии хуби зану фарзанд дар наздии хонааш фурӯшгоҳи кӯчакеро боз кард.

Вале ҳамон тавре ки хонум Сангова гуфт, ин фурӯшгоҳ барои ӯ дарди сари зиёде овардааст.Ҳоло Сарвиноз умед дорад, ки аз чандин аризаи навиштаи ӯ ҳадди ақалл якеш мавриди омӯзиш қарор гирифта, парда аз рӯи боздошти хушунатбори ҳамсараш, ки бо фоҷеа анҷомид, бардошта мешавад.
XS
SM
MD
LG