Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири меҳнат: “Болоравии нарх мушкилӣ меорад”


Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон афзоиши нарх дар бозорро мавриди баррасӣ қарор дода, даст ба як идда иқдомот задааст.

Аз ҷумла, Оҷонси захоири амволи давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи коҳиши ин раванд ва ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо бархе аз маводи аввалияи мавриди ниёзи мардумро вориди бозор кард.

Вале дар ин миён дар мавриди ҳимояти он қишри ҷомеа, ки даромади кам доранд, бознишаста ва ё маълул ҳастанд ҳукумат чӣ тадбирҳоеро андешидааст?

Посухи ин суол ва суолҳои дигарро аз Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пурсидем.

НАФАҚА, ҶОЙИ КОР, ТАБОБАТ...
Яке аз супоришҳое, ки барои ман ба ҳайси вазир аз тарафи раисҷумҳур дода шуда буд, ин пурсидани ниёзмандиҳои пиронсолону маъюбон ва расидагӣ ба мушкилоти онҳост. Ин фақат ба ҳайси вазифа нест. Ин барои имону виҷдонам низ ҳаст...


Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Тибқи дастури раисҷумҳур роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва махсусан роҳбарияти аввал ҳар рӯзи шанбе шаҳрвандонро қабул карда, арзу шикояти онҳоро баррасӣ ва ба саволҳояшон посух мегӯянд. Он қишри ҷомеа, ки мо муваззафем ба суолу дархостҳои эшон ҷавоб диҳем, дарвоқеъ бисёр меоянд. Ин ҷо чанд масъала аст, вале маъмулан ин масоил ба нафақаи мардум, ба таъсиси ҷойҳои корӣ, ба маъюбоне, ки дар табобат ё дар табдили узвҳои ориятӣ кӯмак гирифтан мехоҳанд, марбут аст. Вазорат кӯшиш мекунад, дар доираи имконоте, ки дорад ба онҳо кӯмак бикунад."

ВАЗИФАИ ИНСОНӢ, “ЁҚУТ”, МЕҲМОНХОНАҲО

Суол: Дар бозорҳои Тоҷикистон раванди афзоиши нархи маводи ғизоӣ ба хубӣ мушоҳида мешавад. Оё дар чунин вазъ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон чӣ тадбирҳоеро барои ҳифзи иҷтимоии мардум, махсусан ба қишри мӯҳтоҷ ва маъюб рӯи даст гирифтааст?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Албатта дастгирии ин қишри ҷомеа вазифаи бевоситаи вазорат аст. Аммо дар масъалаи афзоиши нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ мо вазифадор ҳастем, тибқи барномае, ки аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тартиб дода шудааст, амал кунем. Дар назди вазорати мо се масъала гузошта шудааст. Якум ин ташкили дурусти фаъолият дар хона-интернатҳо ва хона-интернатҳое, ки барои маъюбон ва пиронсолон пешбинӣ шуда аст. Ба вижа, таъминоти ҳамаҷиҳатаи онҳо аз хӯрокворӣ ва либос. Ҳоло барои як нафар бошандаи хона-интернат дар як рӯз танҳо барои ғизо аз ҳаштуним ё нӯҳ сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин маблағи хеле хубе ҳам ҳаст, агар назорат аз болои сарфи он хуб ба роҳ монда шавад.

Аз ҷиҳати ғизо, аз ҷиҳати сӯзишворӣ ва аз ҷиҳати ҳатто таъмини ғизоҳои муқаввӣ, ки барои маъюбон ва пиронсолон зарур ҳастанд, низ таъминанд. Барои мисол, мураббо, карами шӯр, равғани маска, тухм ва дигару дигар ҳамеша дар рӯи дастурхони бошандагони хона-интернатҳо муҳайё аст. Фикр мекунам, вазифаи инсонии ман ҳам ба ҳайси роҳбари вазорат ин буд, ки ҳар субҳи барвақт ин пиронсолонро хабар мегирам. Масъалаи дигар ҷалби бекорон ба бозори меҳнат аст. Вақте як нафар, як ҷавон ҷои кор пайдо мекунад, албатта, ӯ маблағ ба даст меоварад ва зиндагии худро пеш мебарад. Дар ин самт мо чӣ корҳоеро пеш гирифтаем? Барои мисол мо ҳоло қарордоде дорем бо яке аз ширкатҳои хеле хубу пешрафтаи «Ёқут». Мо ниёзи ин ширкатро ба коргари дӯзанда бароварда месозем. Ё ҳамин тавр бо меҳмонхонаҳо низ шартномаҳо бастаем ва барояшон мутахассис омода мекунем."

МУШКИЛИ ПИРОНУ МАЪЮБОН

Суол:
Шахсан худи шумо аз аҳволи пиронсолон хабар мегиред?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Ҳар ҳафта ҳадди ақал барои ду бор ҳамроҳ бо онҳо субҳона мехӯрам. Чунки ин кор як тарзи кӯмак, як навъ дилдориву дилбардорӣ барои онҳо мешавад. Яке аз супоришҳое, ки барои ман ба ҳайси вазир аз тарафи раисҷумҳур дода шуда буд, ин пурсидани ниёзмандиҳои ин мардум ва расидан ба мушкилоти онҳост. Ин фақат ба ҳайси вазифа нест. Ин барои имону виҷдонам низ ҳаст. Чунки тасаввур кунед, падар ё модари мо дар онҷо аст. Онҳо имрӯз пир ҳастанд, вале дар вақташ ҷавон буданд, хидматҳои зиёде кардаанд. Мо бо тамоми имконият ва тавоне, ки дорем барои осон кардани мушкилӣ ва хуш бигзаронидани зиндагӣ ба онҳо ёрӣ мекунем. Ин ҷо мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям.

Мувофиқи қарори ҳукумат ҳар як ташкилоту корхона вазифадор аст, ки барои маъюбонро бо кор таъмин кардан панҷ фоиз квота ҷудо кунад. Ҳар як ташкилот вазифадор аст дар доираи ин панҷ фоиз маъюбҳоро ба кор гирад. Аз ин хотир, мо пофишорӣ мекунем, ки маъюбҳо ҷойи кор пайдо кунанд. Барои мисол, дар соли гузашта дар заводи протезии шаҳри Душанбе ин корро анҷом додем. То соли гузашта узвҳои ориятӣ аз ҷумла даст, по ва ё дигар узвҳоро фақат аз давлати Русия меоварданд. Соли гузашта мо аз Суис овардем, барои он ки онҳо беҳтар ва мулоимтар ҳастанд ва ё баъзе аз маъюбон метавонанд бо ин узвҳо кор низ кунанд. Танҳо дар соли гузашта аз ҳисоби давлат 750 адад ароба барои маъюбон оварда ва дар тамоми ҷумҳурӣ тақсим кардем."

"ОХИРАТРО БОЯД ФИКР КАРД"

Суол: Мегӯянд, баъзе аз онҳое, ки бошандаи хонаи пиронсолон шудаанд, фарзандоне доранд, ки соҳиби зиндагии баде нестанд, вале аз парастории падар ё модар даст кашида онҳоро аз худ канор гузоштаанд. Ин ҳарфҳо дурустанд?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Як сухани роҳбари давлат ба ёдам омад. Раисҷумҳур дар яке аз суханрониҳояшон ба маъюбон муроҷиат карда гуфтанд, ки шуморо танҳо ва хору зор шудан намемонам. Давлат ба хору зор шудани онҳо роҳ намедиҳад. Зеро имконияте, ки имрӯз давлат дорад, барои таъминоти онҳо кифоят мекунад. Касе, ки агар натавонад баракати падару модарашро бигирад, давлат мегирад. Мо кӯшиш мекунем, он чизеро, ки имрӯз давлат дар ихтиёр дорад барои онҳо сарф намоем. Лекин ин ҷавон, ин дунё ва он дунё, яъне охиратро низ бояд фикр кунад."

"ТОҶИКИСТОНРО БА МИСР БАРОБАР НАМЕКУНЕМ"

Суол: Болоравии нархҳо ва мушкили таъмини ғизоиро яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба амнияти давлат ва ҷомеа меҳисобанд. Раиси Бонки Ҷаҳонӣ низ ишораҳое кард, ки яке аз сабабҳои таҳаввулоти Миср ҳамин омил аст. Оё Тоҷикистон то куҷо аз ин таҳдид эмин аст?
Дар қонуни федералии Русия “Дар бораи нафақаи меҳнатӣ дар Русия”дар моддаи сеюми он аз 15-уми декабри соли 2001 дарҷ гардидааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба таври муқимӣ дар қаламрави Русия сукунат доранд, ҳуқуқ доранд ба ҳамон тартибе, ки шаҳрвандони Русия нафақа мегиранд, нафақа бигиранд...


Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Ба ҳайси мутахассис вазифаи мо равиши иҷтимоии кор бо мардум аст. Имрӯз дар бораи ин масъала ҳама, ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва низ дар вазорат ва дигар сохторҳо фикр мекунанд. Вале, албатта, истифода ва баҳрабардорӣ аз он имконоте, ки имрӯз мо дорем дар ҷойи аввал аст. Мо ҳеҷ вақт Тоҷикистон ва Мисрро бо ҳам баробар намекунем, ҳам аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва ҳам аз ҷиҳати сотсиологӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ. Имрӯз бо такя ба шароити маҳаллие, ки мавҷуд аст, кӯшиш мекунем, ки ҷойҳои зиёдтари корӣ ташкил кунем, то мардум тавонад кор кунад. Вобаста аз шароит. Талош мекунем аз он имконот ва зарфиятҳое, ки дорем ба таври хуб баҳрабардорӣ кунем. Барои мисол, агар ки мо дар назди ҳавлӣ замин дорем тавонем, ки беҳтар истифодааш кунем. Ва ё боғе, ки дорем битавонем аз он самари бештар ба даст оварем. Вале вазифаи вазорати мо ин ташкил кардани ҷойҳои корӣ, ин ба шуғлу коре ҷалб кардани мардум ва дар ин замина боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум аст.

Аз ҷиҳати дастгирии аҳолӣ инро мебояд зикр кард, ки танҳо соли сипаришуда ду бор бо фармони роҳбари давлат нафақапулӣ афзоиш дода шуд. Ҳамчунин, як маротиба маоши вазифавӣ ва стипендияҳоро боло бурдем. Фикр мекунам, мардуми мо мардуми меҳнаткаш аст ва як порча замине ҳам, ки дар кӯҳистон доранд, босамар истифода мебаранд. Ёдам меояд аз он солҳои қаблие, ки бо барномаҳои байналмилалӣ кор мекардам. Медидам одамҳоро, ки бо сабад хок меоварданду замин месохтанд. Падари худам, мӯйсафед, Худо раҳматашон кунад аз чунин роҳ замин месохт, ки як чизе бикорему баҳор майса бизанаду ҳосиле ба бор орад. Албатта, ҳамаамон бояд кӯшиш кунем, ҳам мо - онҳое, ки вазифадор ҳастем ва мансаб гирифтаем ва ҳам ононе, ки соҳиби бевоситаи замин ҳастанд, то аз баландравии нархҳо ҷилавгирӣ шавад. Аммо ин ҷараён дар тамоми ҷаҳон идома дорад. Ҳоло баландравӣ дар тамоми ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, фақат дар Тоҷикистон нест. Вале баъзе дигар авомиле ҳастанд, ки барои Тоҷикистон мушкилтаранд ва мо ҳамчун шаҳрванд бояд инро дарк кунем. Мушкилоти роҳ, мушкилоти баланд шудани баъзе таруфаҳо, ки албатта вуҷуд доранд."

"БОЯД МУШТАРАК КОР КУНЕМ"

Суол:
Ба ҳар сурат, хафви гуруснагӣ наметавонад Тоҷикистонро таҳдид кунад?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Албатта, баланд рафтани нарх як вазнинӣ барои мо ва барои мардум пеш меорад. Лекин мо бояд кӯшиш кунем, то сарчашмаҳои алтернативиеро, ки метавонанд барои паст шудани нархҳо мусоидат кунанд, пайдо кунем. Ҳукумат сохторҳои махсусеро барои коҳиш додани нарх ва муназзам кардани онҳо равона кардааст. Зери таъсири ин овозаҳо баъзеҳо нархро аз пеши худ баланд мекунанд, ба таври маснӯӣ, ки ин боис ба таассуф аст. Имрӯз мо шоҳидем, ки аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон талошҳо сурат мегирад ва муколама мекунад бо ашхосе, ки ба ин масоил мутасаддӣ ҳастанд, то ин ки нархҳо ноҳақ боло наравад.

Ин ҷо бояд ҳамагон масъулият ҳис кунанд. Фикр намекунам, ки барои мисол Маҳмадаминов вазир асту ё як каси дигар, дар ин бора фикр надорад. Мо ҳама узви як ҷомеа ҳастем ва бояд муштарак кор кунем."

НАФАҚАИ МУҲОҶИРОН

Суол: Ҳоло беш аз як миллион аз атбои Тоҷикистон дар муҳоҷират ба сар мебарад. Вале аз ин шумора афроди зиёде бознишаста мешавад. Бешак, баъд аз 5-10 сол шумораи ин нафарон хеле зиёд хоҳад шуд. Пас, таъмини ин гурӯҳ бо нафақа чӣ гуна хоҳад шуд?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Пеш аз ҳама, бояд паҳлу ва ҷиҳатҳои ҳуқуқии ин масъаларо баррасӣ кард. Дар қонуни федералии Русия “Дар бораи нафақаи меҳнатӣ дар Русия”дар моддаи сеюми он аз 15-уми декабри соли 2001 дарҷ гардидааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба таври муқимӣ дар қаламрави Русия сукунат доранд, ҳуқуқ доранд ба ҳамон тартибе, ки шаҳрвандони Русия нафақа мегиранд, нафақа бигиранд, агар асноди дигари меъёрӣ пешниҳод нашуда бошад. Яъне тибқи ин талаботи қонун барои шаҳрвандони Русия ва ҷамоҳири Арманистону Қирғизистону Белорусияву Тоҷикистон собиқаи меҳнатии дар ҳудуди ҳар кадоме аз ин кишварҳо ё ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дошта ба ҳисоб гирифта мешавад. Тибқи моддаи 14-уми ин қонун корфармо ва суғуртакунанда вазифадор аст, саҳми суғуртаи иҷтимоиро барои ашхоси хориҷӣ, ки дар Русия сукунат доранд, муваққатан ё ба тарзи доимӣ пардохт намояд."

ФОСИЛА МИЁНИ ДОРОВУ НОДОР
Як мақоли мардумист, ки мегӯяд аввал одам кӯрпаро дида, баъд пояшро дароз кунад. Он чизе, ки дар хона дорем, ҳамроҳи хонаводаи худ ҳисоб мекунем, ки ин маблағи мо барои чӣ мерасад...


Суол: Гуфта мешавад, имрӯз тафовут ва фосила миёни қишри нодор ва дорову сарватманди ҷомеа хеле амиқ рафтааст, чаро?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Орзу мекардам даврае фаро расад, ки мо пули кисаи якдигарро ҳисоб накунем. Ҳар кадоме аз мо бикӯшем, ки соҳиби, пеш аз ҳама, обрӯ миёни мардум ва албатта соҳиби фарзандҳое бошем, ки тавонем онҳоро тарбият диҳему биомӯзонем ва соҳиби ин ватан, ки имрӯзу фардо низ бо он ифтихор дошта бошем. Фикр мекунам, ки агар ҳар касе аз мо дар ҷойи худ хуб кор кунем иншооллоҳ ин давра мерасад ва бори дигар мегӯям, ки якдигарро нигоҳ намекунем, ки кӣ чӣ қадар чизу пул дорад. Имрӯз вазифаи мо ин аст, ки битавонем он тафовутеро, ки шумо мегӯед, кам созем. Яъне зиёдтар ҷойи кор, зиёдтар шароити кор, зиёдтар омӯзиши кадрҳое, ки дорои тахассус ва касб бошанд, то битавонанд зиндагиашонро беҳтар кунанд."

ЧӢ ГУНА "ФИЛОЛОГ" "БОНКИР" ШУД?

Суол: Шумо узви ҳизбед ё ғайриҳизбӣ?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Ман узви ҳизб ҳастам."

Суол: Оё вазорати шумо ба нашрияҳои даврӣ обуна мешавад?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Вазорати мо тахминан ба ҳамаи нашрияҳо обуна аст. Шахсан ҳамаи нашрияҳоро мутолиа мекунам."

Суол: Маоше, ки мегиред барои гузарони рӯзгор кифоят мекунад?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Як мақоли мардумист, ки мегӯяд аввал одам кӯрпаро мебинад, баъд пойро дароз мекунад. Он чизе, ки дар хона дорем, ҳамроҳи хонаводаи худ ҳисоб мекунем, ки ин маблағи мо барои чӣ мерасад. Барои хондани фарзандон, барои шароит муҳайё кардан ба онҳо ва худамон. Шукр мекунем."

Суол: Ба ҳар сурат чӣ тавр шуд, ки шумо ба истилоҳ як «филолог» бонкир бишавед ва ҳоло низ дар вазорате шахси аввал бошед, ки ба ихтисоси шумо, наздикӣ надорад?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Ман бахши журналистикаи шӯъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллиро хатм кардаам. Дигар ин ки чандин сол дар сиёсат кор кардам. Даҳ сол дар яке аз созмонҳои ғайридавлатии байналмилалие ба ҳайси роҳбар кардам ва ҳамзамон дар Британияи Кабир дарсҳои менеҷментӣ хондам, баъд дар курсҳои омӯзишии иқтисодӣ дар Банлгадеш ширкат доштам. Сипас, ду сол дар ИМА дар донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс омӯзиш дидам ва ҳамвора аз омӯзиш даст барнадоштаам. Камина номзади улуми иқтисод ва мутахассиси фаъолияти зиддибӯҳронӣ ҳастам."

Суол: Чаро бештари вазирони тоҷик аз сӯҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунанд?

Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Ман ба ин фикри шумо розӣ нестам. Зеро худатон медонед, баъд аз ҳар се моҳ, ки фаъолияти худро ҷамъбаст мекунем, бо намояндагони тамоми васоити ахбори умум вохӯрӣ доир мекунем. Ба тамоми саволҳо, ҳатто тӯли як соату ду соат, ҷавоб медиҳем ва бидуни ин мо кор ҳам дорем ва бояд кор кунем."

Муаррифӣ

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, фаъолияти кории худро ҳанӯз аз овони донишомӯзӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз кардааст. Замони таҳсил бо ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз мешавад ва донишгоҳро бо дипломи аъло хатм мекунад. Дар Кумитаи марказии комсомол ва сипас Иттифоқи ҷавонон фаъолият кардааст.

Тӯли даҳ сол раҳбари яке аз барномаҳои бунёди Оғохони 4 буд. Сипас, муовини раиси «Ориёнбонк» ва аз ин ҷо ба вазифаи раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» таъйин мешавад.

Соли 2002 рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Номзади улуми иқтисодист. Бо забонҳои англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.
XS
SM
MD
LG