Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА нозирони худро ба Беларус мефиристад


САҲА мегӯяд, нозирони худро ба Беларус мефиристад, то бар ҷараёни мурофиаи додгоҳии шахсиятҳои сисёсии мухолифон ва эътирозгарон назорат кунанд. Мухолифон баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот эътироз карданд ва мавриди саркӯбии давлати ин кишвар қарор гирифтанд. Садҳо нафар, аз ҷумла 7 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ боздошт ва ба зиндон андохта шуданд. Интихобот 19-ӯми декабр баргузор шуда буд. Александр Лукашенко дар ин интихобот баранда эълон шуд. САҲА мегӯяд, нахустин гурӯҳи нозирон 9-ӯми март вориди Беларус мешавад.
XS
SM
MD
LG