Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё шумо хушбахтед?


Одамон вожаи "хушбахтӣ"-ро вобаста ба вазъи зиндагӣ, мавқеи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худ шарҳ медиҳанд.

Барои як гурӯҳ доштани оилаи солим, тани сиҳат ва хотири ҷамъ нишони хушбахтӣ аст. Гурӯҳи дигар хушбахтиро дар сафарҳои зиёд ба хориҷи кишвар, сарвату дороӣ ва ба даст овардани нуфуз дар ҷомеъа мебинанд.

Нафароне низ ҳастанд, ки оилаҳои онҳоро як бурдаи нон ва танҳо доштани либоси кофӣ хушбахт мекунад. Зиндагӣ дар ҷомеъаи пешрафта, дар он ҷое, ки ба ҳама ҳуқуқҳои инсон арҷгузорӣ мешавад, орзуи аксар нафарони рӯшанфикр аст.

Аммо занони тоҷик хушбахтиро дар чӣ мебинанд? Оё онҳо хушбахтанд? Агар не пас чӣ метавонад хушбахтиашонро комилтар созад? Бо ин суолҳо дар пешорӯи ҷашни бонувон бо чанде аз модарону хоҳарон дар шаҳрҳои Душанбе ва Исфара муроҷиат намудем. Посухҳои онҳо рангину ҷолиб буданд. Бубинед ва назари худро бинависед, ки оё шумо хушбахтед?

Оё шумо хушбахт ҳастед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG