Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику покистонӣ


Дар пайи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон, форуми соҳибкорони ин ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

Дар ин форум, гурӯҳи тақрибан 40-нафарии соҳибкорону тоҷирони тоҷик ва бештар аз 150 ҳамтоёни покистониашон ширкат хоҳанд кард.

Дар робита ба ин форум сӯҳбате доштам бо Носир Аббос, раҳбари бахши равобити хориҷии Утоқи тиҷоратии Покистон ва нахуст аз ӯ роҷеъ ба форуми тиҷоратӣ пурсидем.

"ҚАНОАТМАНД НЕСТЕМ"

Носир Аббос: "Форуми тиҷоратӣ рӯзи 9-уми март бо мусоидати сафорати Тоҷикистон ва Утоқи тиҷоратии Покистон дар Исломобод баргузор мешавад. Аз мо хоста шуда буд, ки тоҷирони покистониро ба ҳамоиш ҷалб кунем ва онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ дар чанд бахш гуфтӯгу хоҳанд кард. Мо бояд дар ин замина кори бештар кунем, то шароит барои ҳамкорӣ миёни ворид ва содиркунандагон, ширкатҳои муштарак, сармоягузорӣ беҳтар шавад. Тиҷорат миёни ду кишвар ҳоло ба андозае нест, ки моро қаноатманд кунад."

ПАХТАПАРВАРӢ, ДОРУСОЗӢ...

Суол: Тоҷирони ду кишвар дар кадом бахшҳо метавонанд, ҳамкориҳояшонро ривоҷ диҳанд?

Носир Аббос: "Покистон дар тавлиди маҳсулоти нассоҷӣ бисёр қавӣ аст ва солона ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон дар ҳаҷми 10 миллиард доллар молҳои нассоҷӣ содир мекунад. Покистон ҳамчунин дар тавлиди биринҷ ва саноати дорусозӣ, коркарди чарм бисёр қавӣ аст. Арсаи кишоварзии мо ҳам пешрафта аст, ба мисли пахтапарварӣ, шоликорӣ ва дар ин замина ҳам метавонем, ҳамкорӣ ва табдили фанновариҳо кунем. Дар бахши дорусозӣ ҳам шароит барои ҳамкориҳо мусоид аст, зеро Тоҷикистон маҳсулоти хоми дорусозӣ тавлид мекунад ва мо метавонем онро харида ва маҳсулоти омодаро ба Тоҷикистон содир кунем."

"БА ШОҲРОҲҲО НИЁЗ ДОРЕМ"

Суол: Тоҷикистон мегӯяд, бештар ба ҳамкориҳо дар бахши энержӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Дар ин замина Покистон чӣ пешниҳод карда метавонад?

Носир Аббос: "Бале, Тоҷикистон ҳамчунин хостори ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, тавлидоти нафтӣ ва ҳам маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла семент аст, ки мо дар ҳаҷми зиёд ба Тоҷикистон содир мекунем. Мо моил ҳастем дар ин арса ҳам бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем, чӣ аз роҳи таъсиси корхонаҳои муштарак ҳамкорӣ кунем, ҳам дар саноати тавлиди семент ва ҳам маҳсулоти сохтмонӣ. Аммо барои ҳамкорӣ дар бахши маҳсулоти сохтмонӣ, ки Покистон баъзе аз навъҳои онро тавлид мекунад, мо ба зербунёдҳо, аз ҷумла шоҳроҳҳо ниёз дорем."

МУВОФИҚА ДАР БАХШИ ЭНЕРЖӢ

Суол: Манзури ман аз ҳамкориҳо дар заминаи энержӣ, фурӯши нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аст, ки дар ин замина тавофуқ ҳосил шудааст...

Носир Аббос: "Покистон бо Тоҷикистон дар заминаи хариди нерӯи барқ мувофиқа кардааст ва ин мувофиқа баъд аз сафари раисҷумҳури Покистон ба Душанбе ҳосил шуд. Ин як таҳаввулоти мусбат аст, зеро баъд аз сафар, тавофуқномаҳо ба тадриҷ амалӣ мешаванд."
XS
SM
MD
LG