Пайвандҳои дастрасӣ

Асорати як воҳиди нирӯҳои вижаи Бритониё дар Либия


Киштии Бритониё дар баҳри Миёназамин
Вазорати дифоъи Бритониё то ҳол гузоришҳои матбуотӣ дар бораи ба дасти чирикиҳои Либия асир уфтодани як воҳиди нирӯҳои вижаашро таъйид ё такзиб накардааст. Рӯзномаи бритониёии "Sunday Times" мегӯяд, ин сарбозон, ки шумори онҳо то 8 нафар гуфта мешавад, дар қаламрави таҳти назорати чирикиҳо як дипломати пойинрутбаи Бритониёро, ки мехост бо нирӯҳои мухолифи Муаммар Қаззофӣ тамос пайдо кунад, ҳамроҳӣ мекарданд. Гузориши "Sunday Times" мегӯяд, чирикиҳо феълан ин асокири Бритониёро дар Бенғозӣ, маркази ошӯбҳои зидди Қаззофӣ, нигоҳ медоранд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин дипломате, ки номаш бурда намешавад, ҳамроҳи ин сарбозон дар Либия чӣ мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG