Субҳи имрӯз садои тирандозӣ Троблус, пойтахти Либия, ва канораҳои наздик ба қароргоҳи ҳокими ин кишвари арабии шимоли Африқо Муаммар Қазофиро таккон дод.
Мақомоти Либия мегӯянд, ин тирандозии тарафдорони Қаззофист, ки бо чунин шева, бино ба иддаои онҳо, тасарруфи бандари муҳими нафтии Рослонуфро таҷлил мекунанд.
Аммо чирикиҳо дар Рослонуф мегӯянд, ки шаҳр таҳти назорати онҳо боқӣ мемонад. Ба дунбол, аз шиллик шудани ду мушак аз киштиҳои ҷангӣ болои як таъсисоти нафтӣ дар наздикии Рослонуф низ гузориш расид.
Аммо даргириҳо дар наздикии Рослонуф дар шаҳри Бин Ҷавод шиддат гирифтааст. Чирикиҳо мехоҳанд Бен Ҷаводро ҳамчун пойгоҳ барои вуруд ба Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ, истифода кунанд.
Телевизиони давлатии Либия хабар дод, ки нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ шаҳрҳои Зовия ва Мисратаро низ аз дасти чирикиҳо гирифта, ба самти Бенғозӣ, маркази ошӯбҳои зидди ҳукумати 41-солаи Қаззофӣ ҳаракат мекунанд. Аммо ин иддаои режим то ҳол аз ҷониби манобеъи мустақил таъйид ё радд нашудааст.
Тайи ду ҳафтаи хушунатҳо дар Либия садҳо нафар кушта шуда, нигарониҳо дар бораи ба ҷанги шаҳрвандие, ки ҳафтаҳо ваё моҳҳоро фаро бигирад, печидани кишвар боқист.
Муаммар Қаззофӣ дар мусоҳиба бо як рӯзномаи Фаронса гуфтааст, агар ӯ канор биравад, Либия ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористие, чун Ал-Қоида табдил хоҳад ёфт.