Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот барои раҳоии шаҳрванди тоҷик


Музокироти мақомоти Яман бо cарони қабилаи Ал-Маъҷалӣ ҷиҳати раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон ҷараён дорад.

Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Алӣ Ҳасани Аҳмадӣ, шаҳрдори Атақ маркази вилояти Шабодаи Яман дар раъси як комиссиюни ҳукуматӣ қарор дошта бо раҳбарони қабилаи Ал-Маъҷалӣ дар шаҳраки Ал-Маҳфид музокирот анҷом додааст.

Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон музокироти комиссияи мазкур бо сарони қабилаи Ал-Маъҷалӣ то шоми рӯзи 4-уми март идома дошт.

Ҳомидҷон Очилбоев, шаҳрванди Тоҷикистон аз шаш рӯз ба ин тараф дар дасти гурӯҳи афроди қабилаи Ал-Маъҷалӣ дар ҳавошии шаҳри Атақ қарор дорад.

Мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва ширкати «Техностройэкспорт” ин қазияро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ ва назорат доранд ва изҳори умедворӣ мешавад, ки комиссиюни ҳукуматӣ дар раъси шаҳрдори Атақ дар ҷиҳати раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти гаравгонгирон муваффақ шавад.

Гаравгони тоҷик дар Яман озод нашудааст

Сар аз 28-уми феврал ба ин тараф як шаҳрванди шастсолаи Тоҷикистон, ки дар Яман ба ҳайси табиб ифои вазифа мекунад, ба гарави як қабилаи яманӣ афтидааст.

Радиои Озодӣ дар ин бора қаблан иттилоъ дода буд. Рӯзи ҷумъа сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аҳволи Ҳомидҷон Очилбоев хуб аст, хешу наздиконаш бо ӯ телефонӣ сӯҳбат кардаанд ва рӯзи ҷумъа ҳамчунон чанде аз хешу ақрабои номбурда ба вазорати корҳои хориҷӣ ташриф оварда буданд.

Назриев афзуд, гурӯҳи гаравгон ҳамоно талаб дорад, ки пеш аз раҳоии гаравгон ҳукумати Яман тақозои онҳоро иҷро намояд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон илова кард, ки Тоҷикистон дар Яман сафорат надорад ва аз ин рӯ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ супориш гирифтааст, ки дар паи ҳалли қазия бошад. Ӯ ҳамчунон иброз дошт, ки дар раҳоии гаравгони тоҷик сафорати Русия дар Яман низ саҳмгир аст.

Рӯзи ҷумъа пайдо намудани масъулони ширкати русии “Техностройэкспорт” душвор буд, зеро ҷумъа дар Яман рӯзи истироҳат буда, мардум одатан намозхонӣ мерафтаанд, вале гурӯҳи гаравгонгир, ки эҳтимол интизори гирифтани пул мебошад, ба занги Радиои Озодӣ ба зудӣ посух дод. Одамрабоён аз ҳукумати Яман талаб доранд, хисороти молӣ ва ҷонии бомбаборони соли 2009-ро бипардозад.

Вале вақте гаравгонгир фаҳмид, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбат дорад, ба Ҳомидҷон Очилбоев (масъулони ширкати русӣ ӯро Обчибоев меноманд -- РО) фақат иҷозати салом доду халос, яъне шунидани садо исботи он буд, ки гаравгон зинда аст.

Субҳи рӯзи ҷумъа ходимони бахши узбакиии Радиои Озодӣ бо Очилбоев ҳамсӯҳбат шудаанд, ва ӯ гуфтааст, ки силоҳбадастони гурӯҳи гаравгонгир мисли шикорчӣ ҳастанд ва ҳар лаҳза ба ҳаёти ӯ таҳдид мекунанд. Очилбоев афзуд, ки дар як дашти сард дар зери осмон ба сар мебараду силоҳбадастон ба ӯ як кампал додаанд, ки бо ҳамон дар рӯи сангҳо мехобад.

Сухангӯи сафорати Русия дар Яман, ки худро Сергей муаррифӣ намуд, гуфт, ки дар ҳақиқат консули сафорат бо ин қазия машғул аст, вале феълан тафсилоти бештаре дода наметавонад.
XS
SM
MD
LG