Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси ҳуввияти 12 қурбонии низоъҳои қавмии Қирғизистон


Ҳуввияти 12 қурбонии низоъҳои хунини қавмӣ соли гузашта дар Қирғизистонро дар шаҳри Маскав ташхис кардаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳуввияти ин афродро аз роҳи ташхиси Ди Эн Эйи онҳо маълум кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни низоъҳои миёни ӯзбаку қирғизҳо дар моҳи июни соли гузашта дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод, 427 нафар кушта шудаанд ва ҳуввияти 33 қурбонии дигар ҳанӯз ташхис нашудааст. Қирғизистон абзор ва имконоти ташхиси Ди Эн Эйи инсонро надорад, аз ин хотир аз Русия, Туркия, Ҷопон, Чин ва Куриёи Ҷанубӣ кӯмак хостааст.
XS
SM
MD
LG