Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти тозаи ҳамла ба сарбозони амрикоӣ дар Олмон


Дар як тирандозӣ, ки бовар меравад, кори дасти як фарди косовотабор дар Олмон будааст, ду сарбози нерӯҳои ҳавоии Амрикоро дар фурудгоҳи шаҳри Франкфурти Олмон кушта шуданд. Хабаргузории “Ассосиейтед Пресс”, аз қавли хешовандонаш навиштааст, ҳамлавари 21 сола, Ориф Ука будааст, ки хонаводаш аз атрофи шаҳри Митровитса дар Косово мебошанд. Хешонаш гуфтаанд, ки Ориф Ука, як “мусулмони эътиқодманд” будааст. Фарди муттаҳамро, ки рӯзи чаҳоршанбе ба автобуси сарбозони амрикоӣ тир андохт, боздошт карданд. Ин сарбозон аз фурудгоҳи Франкфурт ба пойгоҳи низомиёни Амрико ба Рамстейн мерафтанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфтанд, аз ин ҳодиса ба ваҳшат афтодаанд.
XS
SM
MD
LG