Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Теҳрон аз гази ашковар истифода кард


Бино ба гузоришҳо, имрӯз полис дар Теҳрон бо тазоҳуркунандагон вориди задухӯрд шудааст ва бар зидди онҳо аз гази ашковар истифода бурдааст. Қаблан ҷонибдророни мухолифон эълон карданд, ки онҳо мехоҳанд дар шаҳри Теҳрон раҳпаймоӣ анҷом диҳанд ва раҳоии Ҳусайн Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ-раҳбарони мухолифонро тақозо кунанд. Мақомоти интизомии Эрон гуфтаанд, ки Мусавӣ ва Каррубӣ зиндонӣ нашудаанд, вале нагуфтаанд, ки ин ду раҳҳбари мухолифон дар куҷо қарор доранд.
XS
SM
MD
LG