Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон иддаои Русияро рад кард


Имрӯз Гурҷистон аз иддаои Русия дар ин бора, ки гӯё Гурҷистон дар паси ҳамлаи маргбори моҳи январ дар фурудгоҳи Домодедово қарор доштааст, интиқод кард. Ин иддаоро Александр Торшин-намояндаи порламони Русия дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Российская Газета” матраҳ кардааст, вале дар ин бора ҳеҷ делел пеш наовардааст. Торшин узви Кумитаи миллии зидди терроризм аст. Сухангӯи раиси ҷумҳури Гурҷистон ин иддаои Торшинро бепояву асос хонд.
XS
SM
MD
LG