Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳиндустон 11 нафар ҳукми қатл гирифтанд


Додгоҳи Ҳиндустон 11 нафарро маҳкум ба эъдом кард. Онҳо барои оташ задани қатори мусофирбар муттаҳам дониста шудаанд. Дар ин ҳодиса 59 нафар кушта шуданд. Ҳодиса соли 2002 дар аёлати Гуҷарат дар заминаи хушунатҳои мазҳабӣ рух дода буд. Ин қатор зоирони ҳиндуро баъд аз зиёрат аз шаҳри муқаддаси Аёдҳя меовард. Ҳамаи муттаҳамон мусулмон мебошанд. Оташ задани қатори мусофирбар сабаби сар задани ошӯбҳои мазҳабӣ дар саросари аёлати Гуҷарат шуд ва дар ин огшӯбҳо дастикам 1 200 нафар кушта шуданд. Аксари онҳо аҳолии мусулмон буданд.
XS
SM
MD
LG