Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Аҳмадов дар Рашт аслиҳаашро таслим кард


Мирзохуҷа Аҳмадов ва 11 тан аз ҳамдастааш аслиҳаи худро ба пулиси ноҳияи Рашт таслим карданд. Бино ба гуфтаи Аҳмадов ин аслиҳа тирамоҳи соли гузашта дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабт шудааст. Дар маҷмӯъ 8 мусалсали “Калашников”, 2 туфанги нишонзан як хумпораандоз ва як пулемёт супурда шудааст. Тирамоҳи соли гузашта гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов дар водии Рашт дар амалиёти низомӣ бар зидди дастаҳои Аловуддин Давлатов ва Абдулло Раҳимов ё Муллоабдулло бо нируҳои давлатӣ ҳамкорӣ кард. Дар оғоз Мирзохуҷа Аҳмадов дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ ва куштори 28 сарбоз муттаҳам дониста мешуд.
XS
SM
MD
LG