Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон роҳи парлумони Баҳрайнро бастанд


Эътирозгарон имрӯз дар Баҳрайн роҳи вуруд ба Шӯро, парлумони ин кишварро бастанд, ки боиси муваққатан қатъ шудани кори он шуд. Толибилмони макотиби мухталиф бо ширкат дар ин раҳпаймоӣ ваё дар дохили мактабҳои худ аз талаби ислоҳоти сиёмӣ пуштибонӣ мекунанд. Тайи як ҳафтаи эътирозҳо дар ин кишвари халиҷи Форс дастикам 7 нафар кушта шуд. Амири Баҳрайн Шайх Ҳамад ал-Халифа ахиран ба хотири ташвиқи музокироти давлат бо мухолифин 4 узви кобинаашро барканор ва беш аз 300 маҳбусро раҳо кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз ин иқдомоти амири Баҳрайн ҳимоят кардааст.
XS
SM
MD
LG