Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як шаҳрванди тоҷик тарки Либия кард


Шоми якшанбе ҳавопаймои чоруми Украина бо 34 мусофир аз Либия баргашт. Дар ин ҳавопаймо 13 шаҳрванди Украина ва 21 шаҳрванди кишварҳои дигар, бо шумули як табааи Тоҷикистон тарки Либияи ошӯбзада кардаанд. Қаблан 15 шаҳрванди Тоҷикистон низ аз роҳи Украина ва дуи дигар тавассути Маскав аз Либия берун шуданд. Бино ба ҳисобҳо, 5 ило 6 донишҷӯи дигари тоҷик дар Троблус боқӣ мемонад. Аксари атбоъи Тоҷикистон дар донишгоҳи Ад-Даъваи пойтахти Либия таҳсил мекарданд.
XS
SM
MD
LG