Оқои Иброҳимӣ аз қавми узбак ва намояндаи мардуми Қундуз дар парлумони Афғонистон пас аз он дар раъйгирӣ ошкор ба ин симмат баргузида шуд, ки кумиссиюни муваззаф барои ҳалли ин бунбасти ба миён омада дар хусуси таъини раиси парлумон пешниҳод, кард, ки яке аз вакилони узбак ба ҳайси номзади курсии раёсати парлумон муаррифӣ шавад.
Ҳини раъйгирӣ, аз ҷумлаи 249 узви маҷлис, 173 тан ҳузур доштанд. Танҳо чаҳор нафар аз ҷумлаи аъзои ҳозир раъйи мухолиф ва бақия ҳама ба нафъи оқои Иброҳими раъйи мувофиқ додаанд.
Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба раиси ҷадиди парлумон табрик гуфта ва гузиниши вайро ба ин симмат як интихоби ба ҷо ва шоиста тавсиф кардааст.
Аммо гузиниши оқои Иброҳимӣ, ки як чеҳраи шинохташуда ва матраҳ нест, пурсишҳоеро ба миён овардааст, ки оё вай тавоноии танзими корҳои маҷлиси намояндагони Афғонистонро хоҳад дошт?
Нодирхон Катвозӣ, як узви парлумони Афғонистон мегӯяд: «Ба назари ман агар раиси парлумон аз бетарафии комил кор бигирад ва ба рӯҳияи як афғони воқеӣ ва ватанпараст кор кунад, аъзои парлумон бо вай ҳамкорӣ хоҳанд кард.»
Гуфта мешавад ин фард ба асосӣ як тавофуқи сиёсӣ ба курсии раёсати парлумон роҳ ёфтааст. Бенатиҷа мондани талошҳо барои интихоби раиси парлумон интиқодҳои мардум ва ҷараёнҳои сиёсӣ дар дохил ва хориҷ аз Афғонистонро ба ҳамроҳ дошт.
Қарор аст пас аз ин намояндагони парлумони Афғонистон ба ҳадафи интихоби муовинон ва муншиҳои ин ҷирга ба пойи сандуқҳои раъй бираванд. Қарор аст, ки парлумони Афғонистон баъд аз интихоби раёсати парлумон, ба умури муҳиме ҳамчун такмили кобинаи давлат бипардозад, ки ҳудуди як сол аст ин кобинаи ноқис ба кори худ идома медиҳад.