Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ас-Сабсӣ нахуствазири Тунис таъин шуд


Муҳаммад Ғанушӣ ба истеъфо рафт
Боҷӣ Қоид Ас-Сабсии 84-сола нахуствазири Тунис шуд. Ӯ замони қудрати президенти собиқ Ҳабиб Бурғиба чандин сол раҳбарии вазоратҳои гуногунро бар ӯҳда дошт.

Дирӯз Муҳаммад Ғанушӣ, ки ҳафтаҳои ахир ба ҳукумати давраи гузариш сарварӣ мекард, истеъфо дод. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Ғанушӣ бар асари шурӯъи дубораи задухӯрдҳо миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ дар бораи истеъфо тасмим гирифтааст. Дар ин задухӯрдҳо, ки рӯзи ҷумъа, шурӯъ шуданд, дасти кам 3 нафар кушта ва тақрибан 200 кас маҷрӯҳ шуданд.

Яке аз талабҳои асосии эътирозгарон – истеъфои сарвазир Ғанушӣ ва вазироне буд, ки замони раёсати Зайнулобиддин бен Алӣ соҳибмансаб буданд. Бен Алӣ миёнаҳои моҳи гузашта баъди шурӯъи эътирозҳои густарда аз Тунис фирор кард.

Видеоҳои охирин

Русия ба Сурия системаи зиддимушакӣ медиҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG