Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Сенати Амрико ба Роғун ва захираҳои об


Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, Ҷон Керрӣ ва узви ин кумита, сенатор Ричард Лугар.
Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, Ҷон Керрӣ ва узви ин кумита, сенатор Ричард Лугар.

Сенати Амрико тарҳи Роғунро "бамаврид" номид ва хостори мудирияти беҳтари захираҳои оби Осиёи Марказӣ шуд.

Сенати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти зиёди иқтисодии ин кишвари Осиёи Марказӣ роҳ кушода, ба судури нерӯи барқ ба Афғонистон ва Покистон имкон хоҳад дод. Вале, гуфта мешавад дар гузориши Сенат, барои иҷрои тарҳ Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳам канор оянд ва на ба сӯи муноқиша, балки мусолиҳаву ҳамкорӣ ҳаракат кунанд.

БОЗБИНИИ СИЁСАТҲОИ АМРИКО

Вазъи феълӣ ва бунбастии марбут ба Роғунро, Сенати Амрико дар набуди одитарин хатти машше мебинад, ки тавонад заминаи чунин гуфтушунид ва тафоҳумро фароҳам орад. Дар гузоришии Сенат гуфта мешавад, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягона ва мутамаркази мудирияти захираҳои об аз ҳам рехта, низоми наве ҷойгузини он нашуд. Дар чунин ҳолат саркашӣ ва худхоҳии кишварҳо, ба қавли гузоришгарони Сенат, танҳо ба ҷангу ноамнӣ мебарад, ки хилофи манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аст.

Дар гузорише, ки қарор аст, таҳаввулотеро дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба миён орад, ҳамчунин гуфта мешавад, бояд дар ин минтақа як низоми куллии мудирияти захираҳои об ташаккул ёбад ва ҳукумати президент Обама дар баробари масъалаҳои мавҷуда мавзеъ ва барномаи мушаххас дошта бошад.

НИГАРОНИҲОИ СЕНАТ

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, Ҷон Керрӣ, дар муаррифии гузориш, ки сиёсатҳои кишвараро дар робита ба камбуди об ва истифодаи босамари он бозрасӣ мекунад, гуфтааст: “Об дар умури дипломатӣ ва манофеи амнияти миллии мо дар минтақа нақши то рафт бештаре касб мекунад ва мо бояд муносибати хешро ба он эҳтиёткорона ва бо ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои давлат муайян кунем.”

Бо вуҷуди ситоиш аз талошҳои ҳукумати президент Обама дар ин росто, дар гузориш гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида то ҳоло ба масъалаи об дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи хеле кам додааст.

Барои намуна, агар дар соли 2009 барои кӯмак ба фаъолиятҳои марбут ба об дар Афғонистон ва Покистон ҳукумати Амрико қариб 47 миллион доллар тахсис дода бошад, барои айни масъала дар Осиёи Марказӣ дар он сол ҳамагӣ 3 миллиону 700 ҳазор доллар равона кард, ки хеле ночиз дониста мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ки оби Осиёи Марказӣ ба кишварҳое монанди Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистону Қазоқистон ва ҳамзамон худи Афғонистон низ рабт дорад.

Дар гузориш гуфта мешавад, “таъмини ҳимояти дуруст метавонад, таъсири азиме ба эътидоли авзоъ гузорад, аммо пуштибонии ғалат кишварҳои ҳамсояи ҳамдигарро ба бадбахтӣ тела хоҳад дод. Вале беэътиноии Иёлоти Муттаҳида ба пайванди ботинии масъалаи об дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ метавонад, ташаннуҷро дар минтақа афзоиш хоҳад дод.”

Аъзои Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико гуфтаанд, сиёсати Вошингтон бояд кишварҳоеро, ки тафоҳум ва ҳамкорӣ дар минтақаро рад мекунанд, паси мизи гуфтушунид биёрад.

ТАЪКИД БА ЧОРАҲОИ ЭЪТИМОД

Пеш аз он ки кумитаи Сенат натиҷагириҳои худро дар робита ба масъалаи об дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гурӯҳе аз муҳаққиқонро ба пажӯҳиши амиқи мушкил ҷалб ва аз тадқиқоти онҳо истифода кардааст. Ин пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки мушкили асосӣ на дар худи об, балки дар шеваҳои истифодаи он, на дар миқдори он, балки дар талаботи номуайян ва худбинонаи кишварҳо ба он аст.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, бино бар ин гузориш, ба ҷои ниҳодҳои умумии кишоварзӣ ширкату воҳидҳои хусусии кишоварзӣ пайдо шуд, ки зери назари мутамарказ нестанд ва ба хотири афзоиши ҳосили замин обро бе андоза истифода мебаранд.

Ин дигаргунӣ ҳолати фоҷиабореро, ки ба иллати якказироатии пахта дар Осиёи Марказӣ ба миён омада, аз ҷумла сабаби хушкидани баҳри Арал гашта буд, ба маротиб бадтар кардааст. Бо вуҷуди имзо як санади танзими истифодаи об, ки давлатҳои мустақили минтақа дар соли 1992 дар Алмато имзо карданд, муносибати ягонаи онҳо ба масъала ташаккул наёфт ва эроду эътирози онҳо ба ҳамдигар бештар шуд.

Дар ҳоле ки 70 дарсади оби минтақа ба кишоварзӣ сарф мешавад, баҳси асосии байни кишварҳо на ба риштаи кишоварзӣ, балки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ рабт гирифтааст. Чунончӣ, сар аз соли 2010 сохтмони нерӯгоҳҳои Қамбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон норозигии шадиди Узбакистонро ба бор овардааст.

Тарҳи Роғун рӯи рӯдхонаи Вахш, гуфта мешавад дар гузориш, мавриди гуфтугӯст, зеро он мумкин аст, барои амнияти энержии Тоҷикистон ва дастрасӣ ба об дар Узбакистон аҳамияти зиёд дошта бошад. Дар ҳоли сохта шуданаш, он дорои баландтарин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад шуд ва на танҳо Тоҷикистонро аз нерӯи барқ таъмин хоҳад кард, балки ин нерӯро ба Афғонистон ва Покистон низ содир хоҳад намуд. Тарҳи мазкур дар Узбакистони ҳамсоя нигарониҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, зеро Вахш 25 дарсади оби Омӯро таъмин мекунад ва Омӯ аз марз гузашта ба Узбакистон мерезад.

Аъзои Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико ба ин вазъ баҳои мушаххас надодаанд, аммо мавҷудияти айни чунин масъала дар байни Ҳиндустон ва Покистон намуна овардаанд. Ҳинд мехоҳад дар шохоби рӯди Ҳинд – Кишенганга нерӯгоҳи 330 мегаваттӣ бунёд кунад ва Покистон онро фишанги фишор ба худ мешуморад. Дар гузориш гуфта мешавад, мушкил ҳалнашаванда нест ва ҳалли он ба бунёди эътимод миёни ҳамсоягон бастагӣ дорад.

СИЁСАТҲОИ ОЯНДАИ АМРИКО

Дар пасманзари тағйир ҷаҳонии иқлим, Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико об ва ояндаи он дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро яке аз масъалаҳои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида меномад ва аз ҷангҳои оянда барои об ҳушдор медиҳад. Дар ҳоле ки он бархе аз талошҳои ҳукумати президент Обамаро дар ин самт мусбат медонад, мусоадати бештари ҳукумат ба коҳиши шиддат миёни кишварҳоро дар масъалаи об муҳим медонад.

Ба эҳтимоли зиёд тавсияҳои Кумитаи равобити хориҷии Сенат дар фаъолияти ояндаи ҳукумати Амрико ба кор бурда хоҳад шуд. Ин пеш аз ҳама афзоиши кӯмаки ҳадафмандонаи молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бунёд ва таҳкими мудирияти хуби истифодаи об, шумориши захираҳо ва ташхиси ҳаҷми талаботи кишварҳо ба об, аммо муҳимтар аз ҳама сари мизи гуфтушунид овардани ҳукуматҳои минтақа барои ҳалли масъала хоҳад буд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки бояд пеш аз ҳама мудирияти талабот ба об дар маркази таваҷҷӯҳ бошад ва нахуст кишварҳо муайян кунанд, ки ҳар кадом дарвоқеъ ба чӣ миқдор об эҳтиёҷ доранд. Инчунин гуфта мешавад, бояд ҳамаи ниҳодҳои Иёлоти Муттаҳида дар масъалаҳои марбут ба оби Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ назари муштарак дошта, дар ҳар иқдоми хеш ба таври ҳамоҳанг амал кунанд. Ва фанновариҳои наву имкониятҳои фаннии Амрико бояд дар хидмати бунёду таҳкими низоми муносибу қавии истифодаи об дар ин минтақа қарор дода шавад.
XS
SM
MD
LG