Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво сардтар шуда, интизор меравад, дар аксари манотиқаш каме барфу борон ҳам биборад. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар Душанбе 1, дар Кӯлоб 4 ва дар Қӯрғонтеппа 7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Аммо барои Хуҷанду Ғарм имрӯз 4 дараҷаи ҳавои зери сифр ва барои Хоруғ 7 дараҷа сардӣ пешбинӣ мешавад.