Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ контроли як вилояти Либияро аз даст додааст


Франко Фраттинӣ, вазири умури хориҷаи Итолиё мегӯяд, бино ба иттилоъи сафорати кишвараш дар Либия, Муаммар Қаззофӣ, контроли вилояти шарқии Барқаро аз даст додааст. Франко Фраттинӣ ба хабарнигорон гуфт, ба эътиқоди ӯ дар тахминҳо дар мавриди қатли 1000 тазоҳургар аз тарафи нерӯҳои давлатии Либия «мӯътамад» аст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, дар сурати идомаи бесуботиҳо дар Либия, шояд бештар аз 300 ҳазор нафар аз ин кишвар фирор кунанд. Франко Фраттинӣ ба рӯзномаи “Карйера Де Ла Серра”, гуфтааст, теъдоди паноҳандагон метавонад аз ин ҳам бештар ва ба мисли “муҳоҷирати бани Исроил ба Канъон бошад”. Либия ва Итолиё баъди имзои паймони дӯстӣ дар соли 2008 тиҷорати васеъи дуҷонибаро ба роҳ андохтанд. Либия дар гузашта мустамликаи Итолиё буд.
XS
SM
MD
LG