Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ тазоҳургаронеро, ки алайҳи ҳукумати 41-солаи ӯ эътироз доранд, “кӯрмушҳо ва зархаридон”-е номид, ки бояд эъдом шаванд. Қаззофӣ аз тарафдоронаш хост, ба дифоъ аз давлат бархоста, мухолифини ӯро саркӯб кунанд. Қаззофӣ дар паёми телевизиониаш ҳамчунин гуфт, то охирин қатраи хунаш хоҳад ҷангид ва аз раҳбарии Либия даст нахоҳад кашид.
Ин паёми Қаззофӣ дар ҳолест, ки нирӯҳои ӯ назорати бахшҳои шарқии Либияро аз даст дода, шумори рӯзафзуни дипломатҳояш ба нишони эътироз ба саркӯбии тазоҳургарон истеъфо медиҳанд. Дирӯз Шӯрои амнияти СММ саркӯбии эътирозгарон аз сӯи режими Қаззофиро маҳкум кард ва хостори қатъи билофосилаи хушунатҳо шуд. Нигарониҳо дар бораи пайомадҳои буҳрони Либия боиси беш аз 8 дарсад боло рафтани қимати нафт шудааст. Либия қариб 2 дарсади бозори нафти ҷаҳонро таъмин мекунад.