Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байни Қазоқистону Чин роҳи оҳан месозанд


Остонаву Пекин дар ҷараёни боздиди расмии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Чин ҷиҳати таҳкими равобити то кунун ҳам қавии ин ду кишвар аҳд супурданд. Синхуа, хабаргузории расмии Чин навишт, ки байни Пекину Остона қарордоди эҳдоси як роҳи оҳани босуръат имзо шудааст. Интизор меравад, ҷонибҳо ба қарордодҳо дар соҳоти нафту уран низ имзо гузоранд. Чин дар баробари Русия аз бузургтарин шарикони тиҷории Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG