Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбҳои Либия нархи нафтро башиддат боло бурд


Нигарониҳо дар бораи пайомадҳои буҳрони Либия дар амри таъмини нафт боиси беш аз 8 дарсад боло рафтани қимати ин навъи маводи сӯхт шуд. Нархи як бушкаи нафти хом дар биржаи Ню-Йорк дирӯз 8,5 дарсад афзуда, ба 93,57 доллар расид. Нархи як бушка нафти навъи Брент дар биржаи Лондон дирӯз 105,78 доллар шуд, ки нархе аз моҳи сентябри соли 2008 ба ин сӯ бесобиқа аст. Либия қариб 2 дарсади бозори нафти ҷаҳонро таъмин мекунад, вале мегӯянд, идомаи ошӯбҳо ба тавлиди нафт дар ин кишвар низ латма задааст.
XS
SM
MD
LG