Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён ба мақоми раиси КМИР пазируфта шуд


Шермуҳаммади Шоҳиён дар рӯзҳои интихоботи порлумонии 28-уми феврали соли 2010, номзад аз Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон.
Шермуҳаммади Шоҳиён дар рӯзҳои интихоботи порлумонии 28-уми феврали соли 2010, номзад аз Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди президент дар мавриди Шермаҳмади Шоҳиён ба раҳбарии КМИР-ро пазируфт.

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз 23-юми феврал баргузор гардид, ҷаноби Шоҳиён пас аз пазируфта шудани номзадиаш аз ҷониби вакилон гуфт, ки талош хоҳад кард, ки ба ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ робита барқарор намуда ба баргузории интихоботҳои шаффофу одилона мусоидат намояд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки дар замина бо парлумони кишвар ҳамкориҳои танготанг хоҳад дошт.

Бархӯрди аҳзоби сиёсӣ ба тағйир дар КМИР

Вокуниши сиёсатмадорон ба тағйир дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мӯҳтотона аст.

Намояндагони аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки тағйир дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар ҳоле ки ҷараён ва натиҷаҳои интихобот ба он бастагии нисбатан маҳдуд дорад, таҳаввулои бузурге буда наметавонад.

Онҳо бештар ба номукаммалии қонуни интихобот, амалкарди ҳавзаҳои интихоботӣ, истифодаи тавонмандиҳои идории давлат дар интихобот ва масъалаҳои монанди он тамаркуз мекунанд ва мегӯянд, ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси пешниҳод шудани Шермаҳмади Шоҳиён аз ин зовия як амали сиёсии маъмулист. Онҳо бар инанд, ки ин тағйир таҳаввули ҷиддиеро дар раванди интихобот ба бор нахоҳад овард.

НАМУНАҲОИ ГУЗАШТА


Раванди интихобот ва натиҷаҳои он гувоҳанд, ки дар муддати беш аз 20 соле, ки Мирзолӣ Болтуев раиси Комиссияи интихобот буд, ҳамаи маъракаҳои сиёсӣ-интихоботӣ ба манфиати ҳизби ҳокими Халқию демократӣ анҷомидааст.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки президент Раҳмон бо ин тағйир дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар системаи интихоботии кишвар дигаргунӣ ворид кардааст, вале аз он ҷо ки ин ниҳод мустақил набудааст, даргумон аст, таъини Шермаҳмади Шоҳиён ба мақоми раҳбари он чунин истиқлолиятро таъмин намояд.

ЧАРО ШОҲИЁН?


Саидумар Ҳусайнӣ
Вакили Маҷлиси намояндагон, узви ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ки ин бадеҳӣ аст, ки президент такя ба нафаре мекунад, ки ба ӯ эътимод дорад.

“Онҳое, ки дар ин ё он мансаби давлатӣ кор мекунанд вафодор ҳастанд ба раиси ҷумҳур. Шермаҳмади Шоҳиён ҳам аз ҷумлаи онҳост. Дуруст аст, ки касеро вафодор пайдо кунанд ҳамонро дар вазифаҳо мегузоранд. Вале дар комиссияи марказии интихобот кадом раис ва аз кадом маҳалла ба сари кор меояд ин муҳим нест. Муҳим қонуни интихоботи Тоҷикистон аст. Тайи ин чанд сол аст, ки ҳизбҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мехоҳанд дар қонуни интихобот таъйирот ворид карда шавад ва ба ҳизбҳо имкон дода шавад, ки дар қитъаҳои раъй намояндаҳои худро дошта бошанд, вале ҷониби ҳукумат розӣ намешавад.»

Аммо раиси Фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Мағфират Хидирова, мегӯяд, ки Шермаҳмад Шоҳиён узви ягон ҳизб нест, вале дар интихоботи моҳи февралии парлумонии кишвар номзадии вай аз ҷониби Ҳизби халқӣ деморкатӣ дар ҳавзаи ноҳияи Сино пешбарӣ шуда буд.

Ба назари ӯ, Шермаҳмади Шоҳиён дар мақомоти додгоҳию ҳуқуқӣ фаъолият кардааст, аз ин рӯ дар вазифаи раиси Коммисияи интихобот ҳам аз адолату ҳақиқатҷуӣ пайравӣ хоҳад кард.

«Азбаски ҷаноби Шоҳиён бештар дар системаи додгоҳӣ ва мақомоти додгоҳии кишвар фаъолият кардаанд ва ман бовар дорам, Шермаҳмад ҳамуноне, ки ҷонибдори адолату ҳақиқат ҳастанд, дар ин вазифаи нав ҳам аз рӯи ҳамин усулу принсип амал хоҳанд кард»


Ҷаноби Шоҳиён дар соли 2006 вақте, ки раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон таъин шуд, тибқи қонунҳои додгоҳии Тоҷикистон аз узвият дар Ҳизби халқӣ демократӣ даст кашид.

ШАХСИ БЕИШТИБОҲ


Шодӣ Шабдолов
Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки дар муддате ки ҷаноби Шоҳиён дар парлумон фаъолият дорад, иштибоҳҳои ӯро мушоҳида накардаанд, аз ин рӯ дар муҳокимаи пешниҳоди ӯ ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот, пуштибонӣ хоҳад кард.

Ҷаноби Шабдолов меафзояд, ки "дар ҷараёни омодагӣ ва раъйдиҳӣ дар интихобот на раиси Кумисиюн ва на кумисиюни интихоботӣ нақши асосиро мебозанд, балки масъала дар минтақаҳои раъйдиҳӣ вуҷуд дорад. Мо борҳо пешниҳод кардем, ки дар қонуни интихоботии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад ва дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳизбҳои сиёсӣ намоянда дошта бошанд на нозир. Вале ҷониби ҳукумат ба ин ҳарфҳои мо гӯш намедиҳад. Ин пешниҳодро аксари ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалии масоили интихобот ва ҳуқуқӣ ҳам кардаанд".

Вале ҳуқуқшинос Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки Шермаҳмади Шоҳиён маҳз дар давраи ҳокимияти Раҳмон сабзидааст ва хеле зуд аз зинапояи мансаб ба боло рафта ва шахси наздик ба президенти кишвар дониста мешавад.

Аз ин рӯ ҷаноби Шоҳиён дар интихоботҳо ба ҳайси раиси Кумисюни наметавонад мавқеи бетарафиро бигирад.

«Азбаски Шермаҳмад Шоҳиён аз ҳамин минтақаи президент аст. Ва ба президент хеле наздик аст ва бевосита кадри Эмомалӣ Раҳмон аст, аз ин рӯ дар вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ кӯшиш мекунад, ки манфиатҳои ҳокимияти амалкунанда ҳифз шавад ва аз ҷояш наҷунбад»

Раҳматулло Зоиров
Шермаҳмади Шоҳиён солҳои 1994-1995 муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва сипас шаш сол мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 то 2010 дар маснади раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Аз 16-уми марти соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мебошад.
XS
SM
MD
LG