Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сокини Симиганҷ барои пинҳон кардани Қорӣ Иброҳим


Иброҳим Насриддинов
Иброҳим Насриддинов
Сохторҳои ҳифзи тартиботи Тоҷикистон як сокини ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдатро бо иттиҳоми дар хонаи худ пинҳон кардани яке аз зиндониҳои фирории боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дастгир карданд.

Дар хабари оҷонсии Азия-Плюс гуфта мешавад, ки ин марди 49-сола як рӯз баъди фирори зиндониҳо аз маҳбас рӯзи 24 августи порсол Иброҳим Насриддинов ё Қорӣ Иброҳимро дар хонаи худ пинҳон кардааст.

Ин мард барои ба сохторҳои марбута хабар надодани ин ки Насриддиновро баъди фирор аз боздоштгоҳ дар хонаи худ паноҳ додааст, муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG