Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ Узбакистон рок ва рэпро "мусиқии шайтон" хонд


Телевизиони давлатии Узбакистон мусиқиҳои муосири рокнролл ва рэпро ҳамчун “мусиқии шайтонӣ”-е, ки “аз сӯи нирӯҳои шарир” сохта шудаанд, маҳкум кардааст. Дар барномаи мустанаде таҳти унвони “Оҳанг ё фалокат” гуфта мешавад, ки “мусиқии рок аз маросими шикорравӣ дар қораи Африқо ба дунё омада”, ва “мусиқии рэпро маҳбусон дар зиндонҳо эҷод кардаанд.” Дар ин барнома аз “асароти манфии рок ва рэпи ғарбӣ, ки мисли абрҳои сиёҳ болои сари ҷавонони узбак соя афкандаанд”, изҳори нигаронӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG