Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон


Ширкати «Барқи Тоҷик» эълом кард, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар ҳама манотиқи Тоҷикистон лағв шуда ва сокинони кишвар ба таври шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд.

Шароиту имконот ва қабл аз ҳама захираи бузурги об дар обанборҳои Тоҷикистон аз сабабҳои аслии бекор шудани маҳдудияти нерӯи барқ дар тамоми кишвар арзёбӣ мешавад.

Лағви маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи Тоҷикистон пас аз ҳудуди панҷ моҳ, яъне тахминан як моҳ пеш аз нақша сурат гирифт. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» бар ин назар аст, ки лағв шудани маҳдудияти нерӯи барқ далели беҳтар шудани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аст. Ҷаноби Гулов, дар сӯҳбат бо РО сабаби ин иқдомро чунин шарҳ дод, «шароит ҳаст, имконият ҳаст, маҳдудиятро бекор кардем. Аз рӯи ҳисоби коршиносони “Барқи тоҷик”, ҳоло об дар обанбор тибқи меъёри лозима аст ва барои лағви маҳдудият имконият дорем.




Ширкати «Барқи Тоҷик» маҳдудияти нерӯи барқро дар соли гузашта дар рӯзҳои таҷлил аз иди Наврӯз лағв карда буд. Ҳамакнун Рашид Гулов ба ин назар аст, ки бо фаъол шудани нерӯгоҳи барқӣ - обии «Сангтӯда-2» дар тирамоҳи соли ҷорӣ, имкони комилан аз байн бурдани маҳдудияти нерӯи барқ дар саросари кишвар ба вуҷуд хоҳад омад.

Ҳамакнун бо он, ки масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯянд, ки маҳдудияти нерӯи барқ дар қаламрави кишвар аз рӯзи якшанбеи 20 феврал лағв шудааст, аммо иддае аз сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дар рӯ ба рӯи маҳдудияти нерӯи барқ қарор доранд.

Иддае аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, дар 12 км ҷануби шаҳри Душанбе, гуфтанд, ҳарчанд рӯзи гузашта тамоми рӯз барқ доштанд, аммо шабона маҳдудияти барқ будааст. Маҳмад, сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, «шабона реҷаи барқ ҳанӯз ҳам ҳаст. Рӯзона барқ доимӣ аст, аммо шаб аз соати 11 то 5 саҳар қатъ мешавад. Шаби гузашта дар ин соатҳо барқ набуд. Фикр мекунам, ҳоло ба ҳамин шакл идома мекунад».

Аммо сокинони минтақаи ҷанубии Тоҷикистон мегӯянд, то ҳанӯз лимити барқ побарҷо буда, танҳо 2 то 4 соат вақти интиқоли нерӯи барқ ба манозили онҳо афзоиш ёфтааст. Каримбек, сокини ноҳияи Восеъ дар сӯҳбати телефонӣ бо РО гуфт, «хомӯш кардани нерӯи барқ ҳоло ҳам ҳаст. Рӯзона аз соати 12-и рӯз то 5-и шом ва шабона аз 12-и шаб то 5-и саҳар барқ хомӯш мешавад. Илоҷ ҳам надорем. Ба умеди ҳамин барқ ҳастем. Барои сӯхт ҳам бештар аз барқ истифода мекунем. Чунки ҳезуму дигар маводи сухтӣ надорем. Дар бебарқӣ аз ҳама бештар кӯдакон азият мекашанд. Чунки ҳоло вақт хунук аст, касал мешаванд ва бештарашон грипп шудаанд».

Ба ин тартиб дар мавсими имсолаи тирамоҳ ва зимистон, ба ғайр аз аҳолии шаҳри Душанбе ва марокизи вилоёт ва шаҳрҳо, бақия ноҳияҳо дар шабонарӯз танҳо 10 соат бо нерӯи барқ таъмин буданд. Ҳарчанд солҳои пеш сокинони манотиқи Тоҷикистон вазъи душвортаре доштанд, яъне аз 2 то 7 соат бо нерӯи барқ таъмин буданд. Бунёди нерӯгоҳҳои кӯчаку миёна ва бузург, ба хусус нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда -1», дар ҷануби Тоҷикистон, ки аввали соли гузашта бо сармояи Русия ва бо зарфияти 670 мегават фаъол шуд, аз омилҳои коҳиши маҳдудияти нерӯи барқ ба манотиқи Тоҷикистон унвон мешавад. Ҳамзамон сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда -2» низ ҷараён дорад ва қарор аст, то ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, нахустин агрегати он фаъол шавад. Иқтидори ин нерӯгоҳ 220 мегават буда, Эрон сармоягузори ин лоиҳа аст.

Коршиносон бар иловаи шароиту имконоти маҷуд ва бунёди нерӯгоҳҳои кӯчаку бузург, то андозае гарм омадани ҳарорати ҳаворо низ аз сабабҳои ҳар чӣ зудтар лағв шудани маҳдудияти нерӯи барқ барои сокинони Тоҷикистон медонанд. Зеро ҳарчанд имсол ду ва ё се маротиба барф борида бошад ҳам, аммо мизони барф ва сардӣ шабеҳи зимистонҳои гузашта, ба хусус зимистони соли 2008-2009, ки Тоҷикистон ба бӯҳрони шадиди энержӣ мувоҷеҳ шуда буд, набуд.

Дар ҳамин ҳол тибқи пешгӯи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, муддати чанд рӯзи оянда резиши борон ва дар кӯҳҳо барфи на онқадар зиёд дар назар аст. Мутахассисон мегӯянд, боронгарӣ захираҳои об дар обанборҳоро афзоиш медиҳад, ки боиси тавлиди бештари нерӯи барқ хоҳад шуд.

Зимнан, мутахассисони арсаи энержии Тоҷикистон мизони норасонии нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистонро беш аз 3 миллиард киловат соат арзёбӣ мекунанд. Аммо нерӯгоҳҳои Тоҷикистон дар фасли тобистон тавони бештар аз 3 миллиард киловат соат нерӯи барқи изофиро доранд.
XS
SM
MD
LG