Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ, ба “Озодӣ” гуфт, намояндагиҳои ин кишвар дар Миср, Арабистони Саудӣ ва Иморати Муттаҳидаи Араб муваззаф шудаанд, ки аз ҳоли шаҳрвандони худ дар Либия, Баҳрайн ва Яман огоҳ бошанд.
Дар пайи пирӯзии эътирозгарон дар Мисру Тунис сокинони Либия, Баҳрайн ва Яман низ бо шиорҳои ислоҳот ва истеъфои раҳбарони худ ба хиёбонҳо баромадаанд.
Бино ба гузориши Дидбони ҳуқуқи башар, дар Либия дар пайи эътирозҳои мардум бештар аз 100 нафар кушта шудаанд.
Аммо масъули дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, то кунун аз осеб дидани ҳеҷ як аз шаҳрвандони кишвар дар ин сарзамин хабар нарасидааст.
Вай афзуд, бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дар Яман ва Баҳрайну Либия намояндагиҳои расмии худро надорад, вале сафоратхонаҳои ин кишвар дар Арабистони Саудӣ, Миср ва консулгарӣ дар Дубай ин вазифаро ӯҳда хоҳанд кард.
Ҷаноби Назрӣ мегӯяд, дар Либия ва Баҳрайн расман шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кору зиндагӣ нестанд, вале дар Яман ҳудуди 300 шаҳрванди кишвар кору зиндагӣ доштаанд.
Ҳангоми эътирозҳо дар Миср сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар дар низоми шабонарӯзӣ кор мекард.
Дар пайи эътирозҳо дар Миср чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳҳои мухталиф ба Русия, Дубай ва Душанбе баргашта буданд.