Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Қаззофӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор дод


Писари раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз хатари як ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҳушдор дод. Сайфулислом Қаззофӣ дар як паёми телевизионӣ таҳти назорати эътирозгарон гузаштани бархе пойгоҳҳои низомӣ ва тонкҳову таслиҳотро низ таъйид кард, вале гуфт, артиш ба ҳар баҳое ки бошад, амниятро дар кишвар барқарор хоҳад кард.Писари Қаззофӣ ҳамчунин гуфт, парлумони Либия мавзӯъи ислоҳотро баррасӣ хоҳад кард. Ӯ ваъда дод, ки давлат маошҳоро низ боло хоҳад бурд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки ошӯбҳо алайҳи ҳукумати 42-солаи клани Қаззофӣ ба пойтахти Либия, Троблус густариш ёфта, эътирозгарон дар майдони Сабзи пойтахт бо тарафдорони Қаззофӣ вориди даргирӣ шудаанд. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқи башар, тайи чанд рӯзи ошӯбҳо дар Либия беш аз 200 нафар ҷон бохтаанд. Дирӯз намояндаи Либия дар Лигаи давлатҳои арабӣ Абдулмунъим ал-Ҳонӣ ба нишони эътироз истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG