Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи консулгариҳои Тоҷикистон дар Уфа ва Екатеринбург


Тоҷикистон дар Уфа ва Екатеринбург, ду макони кору зиндагии ҷамъи бузурги муҳоҷиронаш консулгариҳо боз кардааст. Ин ду консулгарӣ бар иловаи консулхонаест, ки дар Маскав фаъолият мекунад. Парвиз Асоев ва Содиқ Имомов раҳбарони консулгариҳои Тоҷикистон дар Екатеринбург ва Уфа таъйин шудаанд. Ҳар сол ба хотири пайдо кардани кор то 1 миллион нафар аз шаҳрвандони тоҷик худро ба бозори кори Русия мезананд. Соли гузашта онҳо ба ватан 2,3 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG