Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон нируҳои НАТО-ро муттаҳам кард, ки дар давоми чанд рӯзи амалиёт дар шарқи ин кишвар 50 нафар аз сокинони ғайринизомиро куштаанд. Ин изҳороти Карзай дар ҳоле садо додааст, ки Фазлуллоҳ Ваҳидӣ-волии вилояти Кунар иддао кардааст, ки дар амалиёти нируҳои НАТО 63 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд. Нируҳои НАТО гуфтаанд, ки ба ин иддао расидигӣ хоҳанд кард.