Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби манзилҳои зист дар Қӯштеппа


Рӯзи шанбе даҳҳо сокинони ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз тахриби манзилҳои худ изҳорӣ норозигӣ карданд.

Ба қавли сокинони Қуштеппа, шоми ҷумъа 200 нафар кормандони умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ ба маҳалаи онҳо омада бидуни огоҳии пешакӣ ба тахриби манзилҳои зисташон оғоз кардаанд.

Тақрибан ҳудуди 50 манзил хароб карда шудаааст, ки дар онҳо тоза
соҳибонашон ба зиндагӣ оғоз кардаанд ва дар баъзеи дигар ҳоло соҳибонашон ворид нашудаанд.

"Мумкин аст, ки дар шаб манзили зистро бидуни огоҳии пешакӣ ва ғайриқоунунӣ хароб кунанд, дар кадом гӯшаи дунё ин аҳвол аст? Началники милисаи ноҳияи Рӯдакӣ бо 200 корманди худ шабона соати 20:00 омада манзилҳои моро тахриб карданд. Ба куҷо равем. Мо иҷозаи расмии Додситони куллро дар бораи сохтмон ҳанӯз аз соли 2006 дорем. Кӣ ҳақ аст? Додситонии кулл ё ҳукумати ноҳияи Рудакӣ?"

Ин ҳарфҳои озурдаи даҳҳо занони маҳаллаи Қуштеппаи ноҳияи Рудакӣ аст, ки рӯзи шанбе дар назди манзилҳои нимвайронаву тахрибшудаи худ ҷамъ омада тақозо мекарданд, ки дар ивази ин манзилҳо ба онҳо ақалан замин ҷудо намоянд ва ё дар ҷои дигар хона диҳанд.



Вақте, ки мо ба ҷои ҳодиса омадем тақрибан 70 нафар соҳибони манзилҳо, ки аксари онҳо занон буданд ҳамроҳ бо хурдсолони худ дар назди дару девори вайронаҳо ҷамъ омада буданд. Дар он лаҳзаҳо барфу борони шадид меборид, вале намояндагони мақомоти масъули ноҳия ба наздашон наомада буданд.

Маҳаллаи Қӯштеппа дар канори шаҳри Душанбе дар тарафи чапи ҷодаи Душанбе- ноҳияи Рудакӣ воқеъ аст.

Ба қавли соҳибони манзилҳо, корманди милиса ҳамроҳ бо намоянадгони масъули ҳукумати ноҳия ба ин маҳалла омада нахуст хати лӯлаи об, сипас сими барқи ин манзилҳоро қатъ намуда ба хароб кардани хонаҳо бидуни огоҳии пешакӣ оғоз кардаанд. Инҳо манзилҳое ҳастанд, ки соли 2006 бо қарори Додситони кулли Тоҷикистон пас аз як бозрасии гурурҳи кории Додситонӣ иҷозти сохтмон дода шудааст.

Вале Тохтахон Шодибекова, яке аз сокинони Қӯштеппа мегӯяд, ки: «масъулони ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки гӯё ин хонаҳо ғариқонунӣ сохта шудаанд ва бояд тахриб карда шаванд, вале дар соли 2006 бо қарори Президенти кишвар таҳти рақами 74 дар инҷо замин ҷудо карда шуд. Сипас прокурори ноҳия омада гуфт, ки мо тафтиш мекунем ва то замони бозрасӣ сабр кунед, ҳеҷ чиз насозед. Лекин аз Додситонии кулл ва Оҷонсии зидди фасод гуруҳи корӣ таҳти сарварии Валиев Бахтиёр омада гуфт, ки чаро сохтмон намекунед. Мо гуфтем, ки ҳоло иҷозат нест то замони анҷоми тафтиши додситонии ноҳия. Намояндагони Додситонии кулл гуфтанд, ки нодуруст аст ва шумо бояд зуд сохтмонро оғоз кунед вагарна ҷарима баста мешавад. Мо сохтмонро оғоз кардем, имрӯз манзилҳои моро ғайриқонунӣ гуфта хароб карданд, намедонем чӣ кор кунем. Милисаҳо шабҳангом омада гуфтанд, ки ба хонаҳои худ дароед, сипас ба хароб кардани манзилҳои мо сар карданд»

Сокинони Қӯштеппа мегӯянд, ки танҳо пас аз иҷозаи Додситонии кулл ва амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сохтмони ин манзилҳо даст задаанд, вале имрӯз ба онҳо мегӯянд, ки сохтмони онҳо ғайриқонунӣ аст.

То замоне, ки мо дар маҳаллаи Қӯштеппа будем, кормандони умури дохила ё намояндагони ҷамоати маҳалла ва ё аз додситонии ноҳия нафаре ҳозир нашуд, ки вазъии аслиро шарҳ диҳад. Онҳо пас аз тахриби хонаҳо ҳангоми шаб, дигар пеши мардум ҳозир нашудаанд.

Фарида Набиева пас аз тахриби манзилаш намедонад ба куҷо равад ва дар куҷо сарпаноҳ пайдо кунад. Вай мегӯяд, ки «шавҳар надорам ва бо се фарзандам дар ин манзил ба сар мебурдам. Ба Русия рафта чанд сол бо заҳмат кашида дар инҷо замин харидам ва қонунӣ бо тамоми ҳуҷатҳои зарурӣ манзил сохтам, вале ҳоло дар кӯча мондаам. Ақалан ба мо дар
Як сокини Қӯштеппа
ҷои дигар хона диҳанд дар ин фасли сармо ба куҷо равем?»


Мо барои рушанӣ андохтан ба мақомоти умури дохилаи ноҳяи Рудакӣ ва ба додситонии ноҳияи тамос гирифтем. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки ба таври расмӣ суолҳои худро пешинҳод кунем ва дигар ба суолҳои мо посух надоданд.

Ба қавли сокинони Қӯштеппа, кормандони милиса гуфтаанд, дафъаи дигар марҳилаи дуввуми тахриби хонаҳо дар ин маҳалларо оғоз хоҳанд кард. Манзилҳое тахриб карда мешавад, ки тайи панҷ-шашсоли ахир хонаводаҳо ба сар мебаранд.Дар онҷо хонаҳои гаронқимат ба қавли сокинони Қуштеппа аз 100 то 500 ҳазор доллар арзиш доштаанд.

Сокинони маҳаллаи Қӯштеппа гуфтанд, ки агар ба доди онҳо мақомоти масъули ноҳия гӯш надиҳанд, барои кӯмак ба президенти Тоҷикистон нома ирсол медоранд.
XS
SM
MD
LG